Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

Даштҳои васеи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи Нав барои чаронидани гӯсфанд ва чорвои калони шохдор истифода бурда мешаванд. Ҳайвонот сарсари алафҳоро хӯрда, ба нашъунамои онҳо халал намерасонанд, чунки алафҳо аз бехи поя шохаҳои нав мебароранд ва баъди кандани нӯгашон боз ҳам ғафстар мерӯянд. Ҳоло қисмати зиёди даштҳои иқлимашон муътадил шудгор карда мешаванд. Дар ин ҷо бисёр зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум ва ҷуворимакка мекоранд. Бахусус заминҳои сиёҳҳоки даштҳои алафзорашон баланд, нисбатан ҳосилхезанд.

Хушксолии бардавом дар даштҳо ҳодисаҳои муқаррарианд. Солҳои 1930 дар даштҳо (прерияҳо)-и қисми марказии Амрикои Шимолӣ хушксолии сахт мушоҳида гардид. Бисёр чаронидани чорво ва бераҳмона судгор кардани қитъаҳои замин боиси нестшавии пӯшиши نبтотӣ, рӯй додани камҳосилӣ ва урёнии хок гардид. Дар натиҷа тундбоду шамолҳои сахт тӯдаи хокро ба ҳаво бардошта, гирдбодҳои хурду бузургро падид меорад. Ҳамин тариқ, ин ҳудуди шамолхезу серчанг номи «ноҳияи гирдбод»-ро гирифтааст.

пешина
аз 395
навбатӣ