Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МИНТАҚАҲОИ ҚУТБӢ
Қутби Шимолӣ ва Қутби Ҷанубӣ нуқтаҳои ниҳоии буриши меҳвари Замин мебошанд, ки дар нуқтаи ниҳоии нимкураҳои муқобили якдигар қарор доранд. Арктика дар нимкураи шимолӣ ва Антарктика дар нимкураи ҷанубӣ сардтарин минтақаҳои рӯйи Заминанд. Ин минтақаҳои қутбӣ тамоми сол барфу яхпушанд.
ОЁ ДАР АНТАРКТИКА ОДАМОН ЗИНДАГОНИ
МЕКУНАНД?
Антарктика қитъа (материк)-и Антарктида, паҳноҳои ҳамвори уқёнус, баҳрҳо ва ҷазираҳои ба он наздикро дар бар мегирад. Ин ҳудуди паҳновар ба ягон мамлакати ҷаҳон тааллуқ надорад ва мувофиқи Аҳдномаи байнамилалии соли 1959, ки онро 32 мамлакат имзо кардаанд, дар Антарктика танҳо таҳқиқоти илмӣ кардан мумкин аст. Ҳузури одамон - кормандони пойгоҳҳои илмии қутбӣ ва сайёҳон масъалаи истифодаи партовҳоро, ки дар шароити ҳарорати паст вайрон намешаванд ва намепӯсанд, ба миён овард.
ТУНДРА ЧИСТ?
Тундра ҳамвориҳои васеи серботлоқ ва камтеппа аст. Ин минтақаи табиӣ қад-қади доираи Қутби Шимол, байни минтақаи тайга (ҷангали анбӯҳи шимолӣ) ва минтақаи паҳноҳои беҳосили қутбӣ ҷойгир аст. Тобистон дар тундра ҳамагӣ дар давоми чанд ҳафта қабати хеле тунуки яхи болои хок об мешавад, вале қишрҳои яхбаста абадӣ меистанд.
Дар қаламрави тундра рустаниҳо ба замин амиқ реша ронда наметавонанд, бинобар ин бештар дарахтони паст ва буттаҳо мерӯянд, ки ушна ва гулсангҳо аз ҷумлаи онҳоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор