Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ҚИТЪАҲО

Дар рӯйи Замин шаш қитъаи хушкӣ мавҷуданд: Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Африқо, Авруосиё, Австралия ва Антарктида. Қитъаи Авруосиё аз ҳама масоҳати бузург – 54 млн км² - ро ишғол кардааст. Ҳамчунин Африқо 30,3 млн км², Амрикои Шимолӣ 24 млн км², Амрикои Ҷанубӣ 17 млн км², Антарктида 14 млн км² ва қитъаи Австралия 7,7 млн км² масоҳат доранд.

САРДТАРИН ҚИТЪАИ ОЛАМ КАДОМ АСТ?

Антарктида сардтарин қитъаи Замин мебошад.
Дар паҳноҳои дохили ин қитъа ҳарорат аз -25 °C то – 89 °С тағйир меёбад. Пасттарин ҳарорат дар рӯйи Замин, -89 °С дар пойгоҳи «Восток»- и Антарктида ба қайд гирифта шудааст. Сипари яхине, ки ин паҳноро мепӯшонад, 3 км ғафсӣ дорад, дар баъзе ҷойҳо он беш аз 4 км аст ва барфу ях гармии Офтобро баргашта ба атмосфера инъикос мекунанд. Шамолҳои сард бо суръати 145 км/соат мевазанд. Ба қавли олимон дар Антарктида қариб 2 млн сол инҷониб борон наборидааст.
Мувофиқати ҳайратангези тарҳи хатти соҳилҳои шарқии Америкои Шимолӣ ва Америкои Ҷанубиву соҳилҳои ғарбии Аврупову Африқо гувоҳи онанд, ки дар гузаштаи дур ин қитъаҳо пайвасту якҷоя будаанд. Ғайр аз ин олимон монандии сохти геологӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, олами наботот ва ҳайвонотро кашф намудаанд. Масалан, шутурмурғи африқоӣ (страус) ва шутурмурғи Америкои Ҷанубӣ (нанду) аслан аз як зот будаанд.

Қитъаҳо ҳамеша дар ҳаракатанд. Олимон исбот кардаанд, ки ҳар сол Америкои Шимолӣ аз Америкои Ҷанубӣ ба андозаи 7 см аз ҳамдигар дур мешаванд. Яъне, Уқёнуси Атлантик васеътар ва Уқёнуси Ором баръакс хурдтар мегардад. Ба ақидаи олимон баъди 65 млн сол Америкои Шимолӣ аз Ҷанубӣ канда шуда ба қитъаи Осиё мепайвандад ва қитъаи Африқо низ бо Аврупо якҷоя мешавад. Аз рӯйи фарзияе 200 млн сол пеш тамоми қитъаҳои Замин бо ҳам пайваст буда, як кураи яклухти азимеро ташкил медодаанд, ки он шартан Пангея ном доштааст.

пешина
аз 395
навбатӣ