Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ОБАНБОРҲОИ
ТОҶИКИСТОН

Обанборҳо кӯлҳои сунъианд, яъне бо дасти инсон сохта шудаанд.
Онҳо барои обёрӣ ва сохтани истгоҳҳои барқӣ бунёд мешаванд. Оби обанбор ҳавои муҳитрро муътадил мегардонад. Бузургтарин обанборҳои Тоҷикистон Қайроққум, Норак, Сангтӯда, Сарбанд ва Каттасой мебошанд.

ОБАНБОРИ ҚАЙРОҚҚУМ

Обанборест, ки дар қисми ғарбии водии Фарғона дар дарёи Сир сохта шудааст. Онро «Баҳри тоҷик» низ мегӯянд. Обанбор солҳои 1956-1958 бо об пур карда шуда, масоҳаташ 513 км² аст. Обанбори Қайроққум бо мақсади беҳтар кардани заминҳои кишт ва обшор гардондани заминҳои нав сохта шудааст.
Дар он загорамоҳӣ, симмоҳӣ ва шӯртан мавҷуд аст. Дар соҳили обанбор шаҳри Қайроққум воқеъ аст ва дар он ҷо ҳамчунин истироҳатгоҳи машҳури «Баҳористон» бунёд шудааст.

пешина
аз 395
навбатӣ