Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ДАРЁИ ВАХШ
Дарёи Вахш дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъ буда, шоҳоби рости д. Ому аст. Дарозии он 524 км буда, аз якшавинии дарёҳои Қизилсу ва Муғсу ба вуҷуд меояд, бо номи дарёи Сурхоб ба қисми ғарбӣ ҷорӣ мешавад; баъди ба он ҳамроҳ шудани дарёи Хингоб номи Вахшро мегирад. Қисми зиёди ҳавзаи он дар ҳудуди кӯҳҳои Помиру Олой воқеъ аст. Дарёи Вахш бештар аз водии танг ва дараҳои амиқ гузашта, 170 км болотар аз резишгоҳаш ба водии васеи Вахш мебарояд ва ба якчанд шоҳаҳо тақсим мешавад. Манбаи обаш асосан пиряҳу барф аст.
ДАРЁИ ПАНҶ
Панҷ — пурталотумтарин ва тезҷараёнтарин дарё дар дунё ва дарозтарин (921км) дар Тоҷикистон аст. Панҷ дарёи сарҳаддӣ буда, саргаҳи он аз ҷойи ба ҳам якшавии дарёҳои Помир (аз рост) ва Вахондарё (аз чап) ибтидо мегирад. Манбаи Панҷ пиряҳу барф аст. Шоҳобҳои рости дарёи Панҷ – Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Язгулом, Қизилсу (ҷанубӣ) аз ҷумлаи дарёҳои калонтарини ҳавзаи Омударёянд. Шоҳобҳои чапи дарёи Панҷ – Шева ва Кукча мебошанд. Баъди ҳамроҳ шудани Панҷ ба дарёи Вахш номи Ому мегирад. Поёноби дарёи Панҷ (аз шаҳраки Панҷи Поён то ибтидои Омударё) киштигард аст. Дар соҳилҳои Панҷ шаҳрҳои Хороғ ва Панҷ воқеъ гаштаанд.
ДАРЁИ КОФАРНИҲОН
Дарёи Кофарниҳон дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон воқеъ буда, шоҳоби рости дарёи Ому аст. Дар назди деҳаи Ромит ҳангоми якшавии дарёҳои Сорбоғ ва Сардаи Миёна ба вуҷуд омадааст. Дарозииаш 387 км буда, масоҳати ҳавзааш 11600 км² аст. Манбааш барфу пирях аст. Шоҳобҳои бузургтаринаш – Симиганҷ, Варзоб, Хонақоҳ ва Элок. Дар болообаш гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, дар поёнобаш зағорамоҳӣ ва лаққамоҳӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор