Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Дарёи Варзоб.
Дар Тоҷикистон низ дарёҳо бисёранд. Бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ – Ому (1415 км) бо шохобҳои худ аз сарзамини Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Инчунин дарёҳои Сир (2212 км), Вахш (524 км), Зарафшон, Кофарниҳон, Панҷ, Варзоб, Ёхсу, Элок, Искандар, Қизилсу, Булункӯл, Муғсу, Сурхоб, Хингоб, Камароб, Сияҳоб, Сорбоғ ва ғайра манбаи гаронбаҳои оби ошомиданӣ ва кишту марзи кишвар ба шумор мераванд. Дар Тоҷикистон беш аз 974 дарёҳои хурду бузург мавҷуданд.
ДАРЁИ СИР
Дарёи Сир яке аз рӯдхонаҳои бузургтарини мамлакат мебошад, ки аз вилояти Суғд гузашта, ба Баҳри Арал мерезад. Баъди дарёи Ому серобтарин ва дарозтарин дарёи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Он аз якҷошавии дарёҳои Норин ва Қародарё ба вуҷуд меояд. Дарозиаш 2212 км, аз саргаҳи Норин 3019 км. Масоҳати ҳавзааш 219 ҳазор км мураббаъ аст. Обанборҳои калонтаринаш – Қайраққум ва Чордара. Ин дарё дар маъхазҳои таърихӣ бо номҳои гуногун омадааст. Масалан, муаррихони Юнони Қадим онро Яксарт ва баъзан Танаис, муаррихони араб Сайҳун гуфтаанд. Дар асарҳои Абурайҳони Берунӣ дар шакли Хасарт ҳам омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор