Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МӮЙ
Мӯй тори найчамонанди маҳин ва нозуке мебошад, ки аз таҳти пӯст мерӯяд. Мӯй аз тор (берун аз пӯст) ва реша (дар зери пӯст) иборат аст. Тор бо решааш ғизо мегирад ва месабзад. Решаи мӯй дар халтачаи мӯй (фолликула) ҷойгир аст. Ба халтачаҳои мӯй роҳи ғадудҳои равған боз мешаванд. Таркиби мӯй аз намакҳои нитроген, фосфор, сулфур, натрий, калий, калсий, магний, оҷак, манган, мис ва ғайра иборат аст.
АБРӮ ЧИ АҲАММИЯТ ДОРАД?
Абрӯ хатти камоншакли мӯйҳост, ки дар таги пешона ва болои чашм ҷойгир аст.
Он дар баробари аҳамияти ороишӣ доштанаш чашмро аз шорида фуромадани арақи ҷабин ҳифз мекунад.
ОДАМ ЧАНД ТОР МӮЙ ДОРАД?
Дар сари одам тақрибан 100 ҳазор тор мӯй мавҷуд аст. Мӯйи одамони сурхмӯй нисбатан тунук мебошад. Дар сари онҳо тақрибан 90 ҳазор тор мӯй мебарояд. Аз ҳама сермӯй одамони зардранг мебошанд. Онҳо тақрибан 140 ҳазор тор мӯй доранд. Одамони мӯяшон сиёҳ ё хурмой дар байни ин гурӯҳҳо мавқеи мобайниро ишғол менамоянд. Ҳар рӯз аз сари одам тақрибан 30-50 адад мӯй афтода, ба ҷои онҳо мӯйҳои нав мерӯянд.
МӮЙ КАДОМ ВАҚТ МЕБАРОЯД?
Мӯйи сар дар як моҳ тақрибан 12 мм дароз мешавад. Шабона баромадани он суст аст. Рӯзона, хусусан байни соатҳои 10 ва 11 амали рӯидан тезтар сурат мегирад. Сипас баромадани мӯй боз андаке ба таъхир афтода, соатҳои 14 ва 16 аз дигар тез мешавад. Мӯй баҳору тобистон нисбат ба зимистону тирамоҳ ва рӯз нисбат ба шаб тезтар мебарояд. Баъди муҳлати муайяни рӯидан мӯйи сар мерезад ва ба ҷояш мӯйи нав мерӯяд. Давомоти умри мӯйи сари мардон тақрибан 2 сол, мӯйи занон 4–5 сол аст. Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 30–50 тори мӯйи сар мерезад.
ЧАРО МӮЙ ЧИНГИЛА МЕШАВАД?
Тани инсон мисли бадани ҳайвонот сермӯй нест. Ба ғайр аз кафи даст, пошнаи пой, пушти буғумҳои нохундор, лаб ва баъзе қисмҳои дигар бадани одамро мӯй фаро гирифтааст. Мӯй аз фолликулаҳо мебарояд. Шаклу андозаи фолликулаҳо гуногун аст. Аз фолликулаҳои нисбатан васеъ мӯйи ғафси қилмонанд, аз фолликулаҳои танг мӯйи нафиси абрешиммонанд мебарояд. Аз фолликулаҳои мудаввар мӯйҳои рост, аз фолликулаҳои байзашакл мӯйҳои мавҷмонанд, аз фолликулаҳои паҳн мӯйҳои чингила мерӯянд.
ЧАРО МО МИЖА МЕЗАНЕМ?
Мижаҳо мӯйи пилки чашм мебошанд. Онҳо чашмро аз гарду чанг тоза мекунанд. Пилкҳо аз чини пӯст иборат буда, ҳангоми ба ҳам расиданашон ғӯзаи чашмро мепӯшонанд. Ин амал он қадар тез сурат мегирад, ки барои ашёро дидани мо халал намерасонад. Одам баъди ҳар 6 сония мижа таҳ мекунад. Дар давоми ҳаёт ӯ 250 млн маротиба мижа мезанад. Пилкҳо чашмро аз таъсироти ҳар гуна омилҳои зиёновар ҳифз менамоянд. Ҳангоми мижа задан, сатҳи чашм худ аз худ тоза мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо