Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ГУРДА УЗВИ ТОҚ АСТ Ё ҶУФТ?
Гурда узви ҷуфт буда, шакли лӯбиёро дорад. Дарозии гурда то 12 см, вазнаш 120–200 г аст. Вазифаи асосии гурда аз боқимондаи моддаҳои зарарнок, ки баъди коркарди ғизо ҳосил мешаванд, тоза намудани хун аст. Вақте ки хун ба воситаи рагҳо аз мағзи гурдаҳо мегузарад, «партов»-ҳо дар онҳо таҳшин мешаванд. Сипас аз ин моддаҳо пешоб ҳосил гашта, ба пешобдон мерезад. Ба воситаи пешоб маҳсули мубодилаи моддаҳо ва ҷисмҳои бегона аз организми одам хориҷ карда мешаванд.
ГУРДАҲО.
ОДАМ ЧАНД МАРОТИБА ДАНДОН МЕБАРОРАД?
Дандонҳо дар ҷоғи боло ва поёни одам ҷой гирифтаанд. Ҳам ҷоғи боло ва ҳам ҷоғи поён 16-той дандон дорад: 4 дандони пеш, 2 дандони ашк, 4 дандони курсии хурд ва 6 дандони курсии калон. Дандони ақл аз ҳама дертар, дар синни 16–25-солагӣ мебарояд.
Дандони одам ду хел мешавад: дандони шир ва дандони доимӣ. Ширдандонҳо дар тифлӣ инкишоф ёфта, дар синни 13–14-солагӣ ба дандонҳои доимӣ иваз мешаванд. Аз синни 6 то 14-солагӣ як қисм ширдандонҳо якҷоя бо дандонҳои доимӣ вазифаи муштаракро иҷро мекунанд. Дертар, тадриҷан тамоми ширдандонҳо ба дандонҳои доимӣ иваз мешаванд.
Сохти дарунии дандон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо