Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ЧИНИ ҚАДИМ

ХАТТИ ЧИНИ КАЙ
ПАЙДО ШУД?

Хатти чинӣ дар давраи ҳукмронии сулолаи
Шан (Ин) (1726–1122 то
милод) падид омад. Нахустин хатти чинӣ дар
рӯи устухонпора навишта шуда буд, ки дертар
дар заминаи он хатти
тасвирии чинӣ ташак-

Тамаддуни Чини Қадим (Хитой) тақрибан 6 ҳазор сол муқаддам дар водии дарёи Хуанхе падид омадааст. Мардуми Чин ба зироаткорию чорводорӣ машғул шуда, асосан шолӣ мепарвариданд. Барои нигоҳдоштани ғалладона сохтани кӯзаҳои калони сафолӣ зарур буд, ки боиси рушди ҳунари кулолӣ гардид. Дертар кулолони чинӣ аз сафоли навъи аъло сохтани зарфҳои нафисро омӯхта, асрори онро садсолаҳо ниҳон медоштанд. Номи «чинӣ»-и тоҷикӣ низ гирифта аз сафоли нафису нозуки кулолони чинист.

Деҳқонони аҳди
сулолаи Син.

кул ёфт. Хатти чинӣ дар аҳди давлатдории сулолаи Чжоу (1122–221 то милод) мукаммалтар гардида, аз хатти тасвирӣ ба хатти иероглиф табдил ёфт, ки ҳазорон аломатро фаро мегирифт. Дар хатти имрӯзаи чинӣ низ ҳамон иероглифҳои қадимӣ истифода мешаванд.

Хатҳои қадими чинӣ дар
сарпӯши зарфи биринҷӣ
(солҳои 1027–717 то милод).

пешина
аз 395
навбатӣ