Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ОРИЁҲО КАЙ БА ҲИНДИ ҚАДИМ ОМАДАНД?

Мувофиқи ривоятҳои ведой қабилаҳои орией аз шимол (ҳудуди имрӯзи Осиёи Мар-казӣ) ба водии Синд (Панҷоби кунунӣ) ворид гардида, баъдтар ба водиҳои дарёҳои Ҳинду Ганг паҳн шудаанд. Маҳалли зиндагии ориёи-ҳоро дар Ҳинд Ориёварта (Хоки муқаддаси ориёиҳо) меномиданд. Минбаъд ориёиҳо дар саросари нимҷазираи Ҳиндустон паҳн гашта, бо тамаддунҳои маҳаллии Ҳараппа ва Мо-ҳенҷодаро омезиш ёфтанд. Мавҷи ҳаракати ориёиҳоро ба Ҳинд олимон солҳои 2500-1500 то милод тахмин кардаанд. Тамаддуни Ҳинди Қадим бо тамаддуни Эрони Бостон монандӣ зиёде дорад, ки онро ҳангоми муқоисаи «Ве-даҳо»-и ҳиндӣ бо китоби «Авесто» мушоҳида намудан мумкин аст.

ҲИНДУҲО БА КАДОМ ЗАБОН ҲАРФ МЕЗАДАНД?

Бо паҳншавии ориёиҳо инти-шори тамаддуни орией ва забон-ҳои ҳиндуэронии дар Ҳинди Қа-дим, бахусус водии дарёҳои Ҳин-ду Ганг нуфуз пайдо кард. Дар марказ ва ҷанубу ғарби Ҳинд қабилаҳои дравидзабон маскун буданд, ки расму ойин ва тамад-дуни худро то андозае нигоҳ доштанд. Қабилаҳои таббатию бирмагӣ ва мунда дар қисмати шимолу шарқи ин сарзамин ба онҳо мансубанд.

пешина
аз 395
навбатӣ