Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ОЛАМИ ДИНОЗАВРҲО
ОЁ ДИНОЗАВРҲО ЛОНА МЕСОХТАНД?
Динозаврҳо низ мисли дигар ҳайвонот барои худ лона месохтанд. Дар галаи майязаврҳо асосан динозаврҳои модина лона бунёд мекарданд. Онҳо андаруни хоктеппаҳо лона мекофтанд ва атрофашро бо шоҳу навда мепӯшониданд. Майязавр қариб 20-25 тухм мегузошт ва барои гарм нигоҳ доштани онҳо болояшонро бо рустаниҳо мепӯшонид. Динозаврбачаҳо бо дандонҷаҳои тези болои биниашон пӯсти тухмро сӯрох карда берун меомаданд.
ДИНОЗАВРБАҶАҲО КАЙ БА ЗИНДАГИИ МУСТАҚИЛОНА ОҒОЗ МЕКАРДАНД?
Бештари динозаврбачаҳо лаҳзаи аз тухм баромадан ба зиндагии мустақилона шурӯъ мекардаанд. Бачаҳои баъзе динозаврҳо, масалан, майязавр дар даруни тухм пурра ташаккул намеёфтанд. Динозаврҳо ба бачагони худ то каме калонтар шуданашон шохҷаҳои навраси рустаниҳоро мехӯронданд. Бачаҳои динозаври ородромеус баъди аз тухм баромадан давида метавонистанд. Шояд ин динозаврҳо тухми зиёд мегузоштанд ва ба нигоҳубини тухму бачаҳояшон чандон аҳамият намедоданд.
Дар олами ширхӯрҳо танҳо одам фикр карда ва сухан гуфта метавонад. Дигар ҳайвоноти хурду бузург ҳама ҳангоми муносибати байниҳамдигарӣ аз имову ишора, овоз баровардану бӯй кашидан, лесидану ламс кардан истифода мебаранд. Динозаврҳо низ ҳангоми муносибату рафтори байниякдигарӣ мисли дигар ҳайвонот усулҳои гуногуни имову ишора, овоз додану бӯй карданро истифода мебурданд.
Бо вуҷуди мураккаб будани узвҳои садобарорӣ ва сохтори гӯш динозаврҳо қобилияти овоздиҳию шунавоии хуб доштанд. Барои ҳамин онҳо метавонистанд бонг кашида, садоҳои гуногун бароранд ё мисли гадрозаврҳо ба воситаи узвҳои шохмонанд, шона ё сӯрохҳои махсуси бинӣ овоз диҳанд. Олимон ба воситаи таҷрибаҳо, ки дар омӯзиши косахонаи сари динозавр анҷом додаанд, муайян карданд, ки ҳангоми аз миёни онҳо гузаштани ҳаво ҳар як қисми косахонаи сар овози фарқкунандаву махсус мебарорад.
Бисёрии динозаврҳо забон доштанд ва метавонистанд бо бӯй кашидану газидану чашидан мазаи хӯрокро дарёбанд. Ҳазандаҳои ҳозира, масалан мор, забони дусараашро берун бароварда аз рӯи таъми ҳаво сайдашро ҷустуҷӯ мекунад ва меёбад, ки чунин ҳолат дар миёни динозаврҳо низ вуҷуд дошт.
Овоз барои динозаврҳо воситаи муҳими зиндагӣ буд. Динозаврҳо ҳангоми таҳдиди хатар, падид омада-ни душман ва дигар ҳодисаҳои нога-ҳонӣ барои огоҳ сохтани якдигар овозҳои гуногун мебаровар-данд. Садои баланду якна-вохти динозаври паразау-ролоф аз фаро расидани хатар огоҳ менамуд. Ди-нозаври мурғобинӯл - эдмонтозавр ҳавохалта-ашро, ки дар наздикии сӯрох-ҳои бинӣ ҷойгир буд, пур карда садои изтиробангез мебаровард ва ҳамҷинсонро аз хатари пешомад огоҳ менамуд.
Аз рӯи омӯзиши боқимондаи скелети динозаврҳо маълум ме-гардад, ки онҳо эҳсоси бӯй кар-дан дошта, ғизоро асосан бо ёрии узвҳои шомма (бӯей) меёфтанд. Сӯрохи бинии брахиозаврҳо дар фарқи сар ҷойгир буд. Ин имкон медод, ки онҳо бо бинии дар бе-руни об мондаашон озодона на-фас кашида, рустаниҳои зери-обиро бихӯранд.
ДИНОЗАВРҲОИ
РУСТАНИХӮР
Аксари динозаврҳо ҷонварони рустанихӯр буданд. Чунонки маълум аст, рустанӣ дар меъда дер ҳазм мешавад. Чун динозаврҳо барои пайдо намудани рустаниҳои хӯрданбоб масофаҳои зиёдро мепаймуданд, аз ин рӯ ҳам нерӯи тозаю маҳорати тезгардиро соҳиб мешуданд ва ҳам қобилияти ҳазми меъдаашон меафзуд.
Динозаврҳо барг мехӯрданд?
Барги дарахтон ғизои асосии аксарияти динозаврҳои рустанихӯр буд. Вале ҳар намуди динозавр баргро ба тарзи хос истеъмол мекард. Пситтакозаврҳо баргро аз шоҳу навдаҳо бо нӯлашон канда, бо дандонҳои тези худ хоидаву майда мекарданд. Брахиозаврҳо бошанд, мисли заррофа баргҳоро аз шоҳҳои баланду болои дарахтон чида мехӯрданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ