Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БАЧАҲОИ
ДИНОЗАВР
Дар бораи чӣ гуна тавлиду пайдо шудани бачаи динозавр олимон андешаҳои гуногун доранд. Бо мақсади омӯзиши амиқи илмӣ соли 1923 ба биёбони Гобии Муғулистон экспедисияи палеонтологӣ (дериншиносӣ) равон карда шуд. Дар натиҷаи кофтуков тухмҳои санггаштаи динозаврҳо, ки қариб 100 млн сол умр доштанд, ёфт шуданд. Ин тухмҳои сангшуда исбот намуданд, ки динозаврҳо дар лонаҳои заминиашон тухм гузошта, бадин восита бачаҳояшон падид меомаданд.
АНДОЗАИ ТУХМИ ДИНОЗАВРҲО
ЧӢ ҚАДАР БУД?
Динозаврҳо аз 10 то 40 дона тухм мезоиданд. Тухми онҳо дар муқоиса бо чуссаи бузургашон ҳаҷман хеле хурд метофт.
Масалан, тухми динозаври модинае, ки то 30 м баландӣ дошт, ҳамагӣ 60 см буд.
КӢ АВВАЛИН ШУДА ТУХМИ ДИНОЗАВРРО
ПАЙДО НАМУД?
Бори нахуст соли 1923 табиатшинос ва сайёҳи амрикой Рой Чэпмен Эндрюс тухми динозаврро дар биёбони Гобии Муғулистон пайдо намуд.
Эндрюс бо супориши Осорхонаи таърихӣ-табиатшиносии Амрико дар мошини махсуси биёбонгард аз пайи ҷустуҷӯи динозаврҳо шуда ба ӯ муяссар гашт, ки аввалин шуда тухми динозаврро пайдо кунад.
БАЧАҲОИ ДИНОЗАВРҲО ЧӢ
ҚАДАР ҶУССА ДОШТАНД?
Бачаҳои навакак пайдошудаи динозаврҳо бисёр хурд будаанд. Масалан, бачаи прототсератопс дар кафи даст ҷой мегирифт. Бачаи троодон ҳамагӣ 7 см дарозӣ дошт, ки баробари тухми мурғ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ