Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДИНОЗАВРҲОИ
ХУРД

На ҳамаи динозаврҳо калонҷусса буданд. Дар рӯи замин динозаврҳо низ зиндагӣ мекарданд, ки ҷуссаашон баробари калтакалос буд. Сабаби нисбатан кам ёфт шудани устухонҳои боқимондаи чунин динозаврҳо дар он аст, ки онҳо туъмаи динозаврҳои калон мегаштанд. Ба болои ин, устухонҳои хурду нозуки онҳо дар муддати садҳо ҳазор сол пӯсида, несту нобуд шудаанд.

Скелети музавр ном динозавр, ки дар сарзамини Аргентинаи Амрикои Ҷанубӣ пайдо шудааст, чунон хурд мебошад, ки дар кафи даст ҷой мегирад. Ин скелети динозаврча косаи сару чашмхонаи калон доштааст. Дарозии музавр эҳтимол ба 3 м мерасид.
Динозаврҳои хурд ҷонварони ғизояшон гуногун буд. Яке сабзаву рустаниҳоро, дигаре ҳашарот, кирм ё хазандаҳои майдаро мехӯрд. Лесотозаврҳои бисёр хурд гала шуда зиндагӣ мекарданд. Ғизояшон асосан рустанӣ буд. Ҷуссаи компсогнатҳо баробари гурба калон буда, онҳо хеле тез медавиданд ва ҳашароту калтакалосҳоро шикор мекарданд. Гипсилофодон низ динозаври тездав буда, пайкараш то 2 м дарозӣ дошт ва дар бешазор зиндагӣ мекард. Нӯли дарози шохмонанд ба гипсилофодон имкон медод, ки гулу баргҳои наврустаи рустаниҳоро истеъмол кунад. Намуди дигари динозаврҳои хурд – овираптор баробари гург буда, дар як соат бо суръати то 50 км метохтааст. Вай калтакалосҳо, ҳайвоноти хурди ширхӯр, инчунин тухми дигар ҷонварону динозаврҳоро мехӯрдааст.

Скутеллозаврҳо баробари гурба буданд, вале бо вуҷуди ин онҳоро дигар дарандаҳо сайд карда наметавонистанд. Олоти мудофиавии онҳо ҷавшани сахти устухонӣ, ки дар тахтапушт ва думашон ҷойгир буд, онҳоро аз осеби дарандагон ҳимоя менамуд.

пешина
аз 395
навбатӣ