Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ДИНОЗАВРҲО ТО КАДОМ АНДОЗА БУЗУРГ БУДАНД?
Аслан аз рӯи якчанд устухон андозаи тани динозаврҳоро муайян намудан хеле душвор аст. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки ултразавр динозаври аз ҳама вазнин ва сейсмозавр динозаври аз ҳама дароз (39-52 м) будааст. Дарозии тани сейсмозавр аз дарозии ҳайвони калонтарини ҳозира - кити кабуд бештар буд.
ОЁ ДИНОЗАВРҲО ЗИРАК БУДАНД?
Динозаврҳо бо вуҷуди бузургҷусса буданашон дорои фаҳму дарки заиф буданд. Майнаи сари аксари онҳо хеле хурд буд. Масалан, майнаи стегозаврҳои бузургҷусса басо хурд, аз брахиозаврҳо аз он ҳам хурдтар будааст. Одамон махлуқи хеле боақл мебошанд: вазни майнаи одами калон тақрибан аз чил як ҳиссаи вазни баданро ташкил медиҳад. Вале вазни майнаи стегозаврҳо аз даҳ ҳазор як ҳисса ҳам набудааст. Бо вуҷуди ин аз таҳқиқи боқимондаи динозаврҳо бармеояд, ки баъзеи онҳо майнаи калонтар дошта, эҳтимол зирак ҳам будаанд.
СКЕЛЕТИ КАДОМ ДИНОЗАВРИ АЗИМҶУССА ТО ИМРӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ?
Скелети аз ҳама калон, ки қариб пурра боқӣ мондааст, скелети брахиозавр мебошад. Қади ин динозавр чунон баланду гарданаш дароз буд, ки сари он аз рӯи замин 13 м боло буд. Вазни динозавр баробари вазни 10 фил буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ