Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БОБИЛ ВА ОШУР

Бобил ва Ошур дар рушду нумӯи тамаддуни Байнаннаҳрайн мусоидат намудаанд. Нуфузи давлати қудратманди Бобил ба асри подшоҳии Навуходоносори II рост меояд. Ӯ баъди лашкаркашию кишваркушоиҳояш Бобилро ободу навсозӣ намуда, ба яке аз шаҳрҳои сарватмантарини Байнаннаҳрайн мубаддал гардонид. Даромадгоҳи дарвозаи Маъбади Иштар бо кошиҳои кабуди сирдор рӯйпӯш шуда буд. Навуходоносори II барои маликаи мидӣ Амухеан дар шафати қасри шоҳӣ ва Бурҷи Бобил боғи машҳури Муаллакро бунёд намуд, ки он ҳамчун яке аз ҳафт мӯъҷизаи олам эътироф гардидааст.

ОЁ БУРҶИ БОБИЛ БУЗУРГТАРИН
БИНОИ ЗАМОНИ ХЕШ БУД?

Бурҷи Бобил, ки 90 м баландӣ дошт, яке аз дастовардҳои санъати меъмории асри қадим арзёбӣ шудааст. Ин бурҷ бузургтарин бинои замони хеш дар минтақа буда, маъбади бузурги худои Ошуриён - Мардук андаруни он қомат афрохта буд. Дар фосилаи 500-метрии қисмати шимолии бурҷи Бобил қасри бошукӯҳи шоҳӣ ҷой дошт. Маркази шаҳрро чанд хиёбони васею зебо оро медоданд, ки машҳуртаринашон хиёбони Тантана буд.
Шоҳроҳи бузурге аз маркази ин хиёбон сӯи бурҷи Бобил мебурд. Ин шоҳроҳ бо оҳаксанги оҷранг ва хишти қирандуд рӯкаш шуда буд, то худоён пойҳоишонро наолуда аз ин роҳ бигзаранд. Дар ду тарафи роҳрави девори бурҷ муҷассамаи барҷастаи 120 шер падидор буд, то бадмазҳабонро битарсонанд.

пешина
аз 395
навбатӣ