Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ТАМАДДУНҲОИ БОҚИМОНДА ВА МУНҚАРИЗ (НОБУДШУДА)

Инсоният дар тӯли мавҷудияти хеш бисту як тамаддуни ҷаҳониро офаридааст, ки аксари онҳо бо мурури замон аз байн рафтаанд. Тамаддунҳои Шумери Қадим, Мисри Қадим, Ошури Қадим, Бобили Қадим ва ғайра бар асари тохтутозу кишваркушоиҳо ва дигар воқеаҳои таърихӣ аз миён рафта, фақат аз онҳо ному нишона дар мероси фарҳангӣ, маъхазҳои таърихӣ ва ёдгориҳои бостоншиносӣ боқӣ мондааст. Имрӯз аз ҷумлаи тамаддунҳои башарӣ нуфузу мақоми худро ҳафт тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Тамаддуни ориёӣ дар симои тамаддуни ислом, тамаддунҳои Юнони Қадим, Руми Қадим ва тамаддуни славянӣ дар симои тамаддуни насронӣ, тамаддуни қадимаву кунунии яҳудӣ ва ғайра бо баъзе тағйироту дигаргуниҳо то замони мо маҳфуз мондаанд ва меросбари онҳо чандин халқияту миллатҳои ҷаҳон мебошанд. Ниёгони тоҷикон аз ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ - тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни ислом баҳра бардоштаанд. Онҳо чун меросбари тамаддуни ориёӣ симои таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ, забони шевои модарӣ ва расму ойинҳои қадимии хешро аз ҷумлаи Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра то кунун пос ва зинда дошта, ба тамаддуни ислом пайванд задаанд.
ТАМАДДУНҲОИ НАХУСТИН

Тамаддунҳои қадимтарини инсоният сараввал дар миёни дарёҳои бузурги Даҷлаву Фурот (тамаддуни Байнаннаҳрайн), дар паҳноҳои рӯдхонаи Нил (тамаддуни Миср) ва дар водии дарёҳои Ҳинду Ганг, дар воҳаҳои паҳновари дарёҳои Ому ва Сир (тамаддуни орией, тамаддуни Ҳинд) яъне дар чандин минтақаи гуногуни олам падид омада, сипас ба кишварҳои дигари Осиё ва Африқо паҳн шудаанд.

ШУМЕРИҲОИ САРВАТМАНД ЧӢ ГУНА ЗИНДАГӢ МЕКАРДАНД?

Хонаводаҳои шоҳӣ хеле сарватманд буданд ва либосҳои гаронбаҳо мепӯшиданд. Шоҳбонуҳои шумерӣ куртаҳои дароз ва ороишоти тиллоиву нуқрагӣ доштанд. Шоҳону сарватмандони шу-

мери зиндагии бофароғат ва дилхушиҳоро меписандиданд. Тахtai бозие, ки аз даҳмаи шоҳи Ур ёфт шудааст, мансуби 5 ҳазор сол пеш буда, аз фароғатдӯстии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Ибодатхонаи бузурги шумериҳо (таҷдид).

пешина
аз 395
навбатӣ