Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ХАТТИ ФИНИҚӢ ЧӢ ГУНА АСТ?
Хатти дигари қадимӣ, ки дар давлатҳои Финикия, Сурия, Фаластин, қисман дар Миср ва Карфаген аз он истифода мекарданд, хати финикист. Алифбои финикӣ аз 22 ҳарфи ифодакунандаи овозҳои ҳамсадо иборат буд. Барои сабти овозҳои садонок ҳарфҳо вуҷуд надоштанд. Дар асоси хатти финикӣ дар Ғарб юнониҳо, дар Шарқ оромиҳо (мардуме дар Шарқи Наздик) алифбоҳои худро сохтанд. Алифбое, ки имрӯз дар Аврупо маъмул аст, аз хатти финикӣ баромадааст. Румиҳо алифбои финикиасоси юнониро ба забони худ мутобиқ намуда, алифбои лотиниро ҷорӣ карданд. Дар давлати Ҳаҳоманишиён ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ бо хатти оромӣ ва мехии забони форсии қадим навишта мешуданд. Баъдан барои навиштани Авесто хатти махсусе ихтироъ шуд, ки бо номи Диндабира маъруф гардид.
Хати финикӣ.
Намунаи хатти мехӣ дар катибаи Бесутун.
Алифбои авестӣ.
Барои пайдо шудани тамаддун чанд омилҳои муҳим заруранд: омили ҷуғрофӣ, пешрафти кишоварзӣ, рушди шабакаи обёрӣ, такмили абзори корӣ, шароити мусоиди табиӣ, истифодаи чарҳу ароба ҳамчун воситаи ҳамлу нақл, ривоҷёбии косибию бофандагӣ ва ғайра. Дар арсаи таърихи тӯлонии башарият баробари тамаддунҳо даҳҳо империяву низомҳои абарқудрат, расму оинҳои давлатдорӣ, миллату мардумони пешрафта, забону хат, мероси фарҳангӣ ва дину мазҳабҳои роиҷ беному нишон гаштаанд. Вале омӯхтану донистани онҳо барои имрӯзиён зарур аст.
ШАҲРҲО НИЗ ОМИЛИ ТАМАДДУНАНД?
Шаҳрҳо ҳамчун марказҳои иқтисодию сиёсӣ усулан барои пайдоиш ва падидоии ниҳодҳои давлатдорӣ ва ташаккули тамаддун мусоидат кардаанд. Ҳанӯз 6-5 ҳазор сол пеш аз ин дар Байнаннаҳрайн, Миср ва Эрон шаҳрсозӣ тараққӣ карда, барои ташаккули тамаддунҳои нахустин мусоидат намуданд. Шаҳрҳои бузурги Ур (дар Шумер), Бобил (дар Ошур), Шуш (дар Эрон) Энзон (дар Элом), Найнаво (дар Байнаннаҳрайн), Мемфис (дар Миср), Моҳенҷодаро (дар Ҳинд) ва ғайра арзи вуҷуд намуданд, ки онҳо тамаддунҳои нахустинро бунёд гузоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё