Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ФИДОИЁНИ ҶАСУРИ
ИЛМУ ФАРҲАНГ
ИБНИ МУҚАФФАЪ
Рӯзбеҳ писари Ҷашнаш маъруф ба Ибни Муқаффаъ (720/27-760/63), яке аз аввалин бузургони эронитабор, ки дар аҳди ислом ба гирдоварии осори боқимондаи ниёгон пардохтааст. Пас аз таълими ибтидоӣ назди падараш ба Басра омада, забону адабиёти арабро аз бар кард ва устоди тавонои илмҳои замонаш гардид. Ибни Муқаффаъ котиби дарбори баъзе ҳокимони Умавӣ буда, дар аҳди Аббосиён вазифаи котибии девони Алӣ ибни Исо ва бародари ӯ Сулаймонро адо мекард ва ҳамчун асосгузори насри бадеии араб эътироф гардидааст. Ӯ ба хотири нишон додани бартарии эрониён бар арабҳо осори паҳлавиро ба арабӣ тарҷума намуд, ки дар натиҷа халифаҳои аббосӣ ӯро ба бединӣ айбдор карда, дар синни 36-солагӣ маҳкуми марг намуданд. Ба қавле ҳокими Басра Бадани Ибни Муқаффаъро пора-пора карда дар танӯр месӯзонид ва ӯ то аз ҳуш рафтан сӯхтани пораҳои баданашро бо чашми худ медид.
ФАЗЛ ИБНИ САҲЛИ САРАХСӢ
Фазл ибни Саҳли Сарахсӣ (771–818), яке аз вазирон ва давлатмардони эронитабори Аббосиён. Падараш бо ҳидояти Бармакиён исломро пазируфт. Фазл ибни Саҳл бо Ҷаъфари Бармакӣ қаробат пайдо карда, дертар дар дарбори халифа Ҳорунаррашид ба тарбияи писараш Маъмун машғул гардид. Ӯ барои сарварии вазорат ва роҳбарии лашкар аз ҷониби халифа Маъмун (813–833) ба лақаби «Зурраёсатайн» мушарраф гардид. Чун дар сиёсати давлат нуфузи ӯ зиёд шуд, Маъмун фармуд, то ӯро соли 818 дар гармобаи тафсони Сарахс ҳангоми оббозӣ дамгир карда куштанд.
ИСМОИЛ ИБНИ ЯСОРИ НИСОӢ
Исмоил ибни Ясори Нисоӣ, яке аз аввалин шоирони арабзабони эронитабор мебошад, ки дар шаҳри Нисо ба дунё омадааст. Дар қасидаҳояш ифтихороти баланди миллиашро алайҳи арабҳо ситоиш намуда, аз пайравони ҷунбиши миллии шуубия буд. Яке аз нахустин фидоиён ва муборизони фаъоли бедории миллӣ буда, бо фармони халифаи умавӣ ӯро соли 728 дар об ғарк ва хафа карда куштанд.
НУЪМОН ИБНИ СОБИТ ИБНИ МАРЗБОНИ ПОРСӢ
Нуъмон ибни Собит ибни Марзбони Порсӣ (699–767), маъруф ба Имоми Аъзам ва Абуҳанифа, яке аз пешвоёни бузурги ислом ва бунёдгузори мазҳаби ҳанафии он. Бобояш аз тоҷикони ҳаволии ш. Кобул буд, ки ба дасти лашкари мусулмонон асир афтода, ба шаҳри Куфа бурда шуд. Нуъмон ибни Собит дар шаҳри Куфа таълимоти пурраи динию дунявӣ гирифта, нахустин соҳибмазҳабест, ки истифодаи забони форсии дариро дар умури динӣ ҷоиз донист ва бад-ин васила забони модарии мо интишори тамоми пайдо карда, бори дигар ба яке аз забонҳои бузурги байналмилалӣ табдил ёфт. Ӯ ба сабаби ноадолатиҳо дар замони ҳукумронии Аббосиён мансаби баланди давлатиро қабул накард, аз ин рӯ бо фармони халифа Абуҷаъфари Мансур (754–775) ҳабс гардида, соли 767 дар зиндон аз ҷаҳон гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё