Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Баъди марги Муборизуддин писари калонии ӯ Ҷалолуддин Шоҳшуҷоъ тайи солҳои 1364–1384 ба тахт нишаста, ҳукумати Кирмонро ба Имодуддин Аҳмад ва Ироқи Аҷамро ба Шоҳмаҳмуд ном бародараш дод. Бародарзодааш Шоҳяҳё, ки аз ҳукумат барканор шуда буд, дар Шероз бо кӯмаки қабилаҳои муғултабор ошӯб хезонда, аз итоати амакаш Шоҳшуҷоъ сарпечӣ кард. Шоҳмаҳмуд низ соли 1364 бо дастгирии ҳокими Бағдод ба муқобили бародараш бархоста, Шерозро тасарруф кард. Вале аз миён чанде нагузашта Шоҳшуҷоъ бародарзодагонаш Шоҳяҳё ва Шоҳмансурро ба худ моил намуда, ҳудуди бузургеро аз Кирмон то Озарбойҷон зери тасарруфи худ даровард, ки ин авҷи шукуфоӣ ва вусъатуби давлати Музаффариён буд.
Баъди марги Шоҳшуҷоъ ба тахти Музаффариён писараш Зайнулобидин нишаст, (1384) ки аз паси он муборизаву мухолифатҳои тахтхоҳӣ авҷ гирифт. Нахуст Шоҳяҳё ба муқобили Зайнулобидин аз Исфаҳон ба Шероз лашкар кашид. Шоҳмансур низ дар Шуштар ошӯб бардошт. Дар айни ҳамин муборизаҳои дохилӣ соли 1387 амир Темур Шерозу Исфаҳонро забт намуд ва ба ихтиёри гумоштаҳои хеш вогузошт. Мардуми Исфаҳон аз зулми андозситонони темурӣ барошуфта, онҳоро куштанд. Темур бо лашкари гарон Исфаҳонро дубора забт намуда, беш аз 70 ҳазор сокинони онро қатли ом намуд ва аз сари онҳо калламанора сохт. Соли 1388 Темур ба Шероз лашкар кашида, давлати Музаффариёнро аз байн бурд ва 72 нафар намояндагони охирини ин хонадонро моҳи майи соли 1393 ба қатл расонид.
Султони турк Йилдирим Боязид дар ҷавоби номаи Темур дар хусуси Музаффариён шеъри таҳқиромезе фиристода буд, ки онро Мавлоно Шомӣ дар «Зафарнома» чунин овардааст:
Фурӯзодагони Музаффар чиянд?
Зи насли кадому нажоди киянд?
Ду-се суст тоҷики нокардакор,
Аз эшон чӣ ояд гаҳи корзор?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё