Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ
МУЗАФФАРИЁН

Музаффариён сулолаи тоҷиктаборе мебошанд, ки дар вилоятҳои Язду Кирмон, Форсу Исфаҳон ва Ироки Аҷам тайи солҳои 1318–1395 ҳукуматдорӣ кардаанд. Намояндагони ин хонадон аслан аз музофоти Хофи Хуросон буда, саромади онҳо Ғиёсуддини Ҳоҷӣ ҳангоми ҳамлаи муғулон ба Язд омада, сокин шудааст. Ӯ ҳамроҳи писаронаш Абубакр, Муҳаммад ва Мансур дар тасхири шаҳри Бағдод ба хони муғул Ҳулогӯ кӯмак кардааст.
Намояндагони сулолаи Музаффариён Муборизуддин (1314–1358), Шоҳмаҳмуд (1358–1364), Ҷалолуддин Шоҳшуҷоъ (1364–1384) ва Мансур (1384–1393) мебошанд.

ДАВЛАТИ МУЗАФФАРИЁН ЧӢ ГУНА БУНЁД ЁФТ?

Музаффар ном набераи Ғиёсуддини Ҳоҷӣ сараввал ба хидмати Атобаки Язд даромада, дертар заминаи ҳукмронии сулолаи Музаффариёнро бунёд ниҳод ва дар айни камолот соли 1314 вафот кард. Баъди ӯ писараш Муборизуддин соли 1318 Атобакони Яздро барканор сохт ва аз парокандагии сулолаи Ҳулогӯиён истифода бурда, соли 1340 Кирмон, соли 1353 Форс ва соли 1356 Исфаҳонро ба қаламрави худ ҳамроҳ намуд ва давлати мустақили Музаффариёнро таъсис дод. Амир Муборизуддин дар муддати 40 соли ҳукмрониаш бо зиракию кордонӣ ва иродаи қавӣ тавонист, ки кулли вилоятҳои ҷанубии Эронро ба давлати мутамаркази Музаффариён муттаҳид созад.

пешина
аз 395
навбатӣ