Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ
КУРТҲОИ ҲИРОТ

Давлати Куртҳои Ҳирот (1245-1381) нахустин ва дарозумртарин давлати аҳдимуғулии тоҷикон аст, ки дар имтидоди якуним аср дар Хуросони марказӣ ҳукумат кардааст. Асосгузори он тоҷикони кӯҳистонии вилояти Ғур мебошанд. Чун номи асосгузори хонадон Саййиди Курт — яке аз лашкаркашони султонони Ғурӣ буд, бо номи оли Курт (Куртҳо) маъруф шуданд. Номи онҳо бо номи мардумии «курд» ҳеҷ умумияте надорад.

Намои ҳозираи қалъаи Ихтиёрӯддин дар Ҳирот - қароргоҳи ҳокимони Курт.

ДАВЛАТИ КУРТҲО ЧӢ ГУНА ТАЪСИС ЁФТ?

Дар арафаи ҳуҷуми муғул вилояти Ғур бо маркази идориаш Хайсор дар ихтиёри яке аз фарзандони Иззуддин Умари Марғанӣ - набераи Саййиди Курт, ки вазири Ғуриён ва ҳокими Ҳирот буд - бо номи Рукнуддини Марғанӣ қарор дошт. Чун Чингиз дар муҳосираи қалъаи Хайсор бисёр гирифтор шуд, ҳукумати онро дар ихтиёри Рукнуддин боқӣ гузошт.
Набераи ӯ Шамсуддин Муҳаммади Курт ба воситаи созишкорияш бо муғулҳо соли 1245 ҳукумати Ғурро расман дар ихтиёри худ гирифта, давлати нимамустақили Куртҳоро дар Ҳироту Ғур бунёд ниҳод, ки он натанҳо аввалин давлати тоҷикии замон, балки аввалин давлати маҳаллии аҳдимуғулӣ дар кулли Эронзамин буд.

ФОТИМАИ ХУРОСОНИ КИСТ?

Фотимаи Хуросонӣ - яке аз духтарони тоҷик, ки ӯро муғулҳо ба асорат то ба маркази Муғулистон бурда буданд. Ӯ ба кадом сабабе ба дарбори хони бузург Уктой афтода, шахси бонуфузи дарбор шуда буд ва пас аз марги хон (соли 1241) ҳамроҳи зани ӯ қариб 4 сол империяи бузурги муғулро идора кард. Тахмин меравад, ки бо дастгирии ӯ аз дарбор ба таъсиси давлати Куртҳо иҷозат дода шудааст.
Фотима дар соли таъсисёбии давлати Куртҳо (1245) барои худсарона идора кардани империяи муғул аз ҷониби муғулҳо ба қатл расид.

МУШКИЛОТИ БА ИСТИҚЛОЛ РАСИДАНИ
КУРТҲО ЧӢ ГУНА БУД?

Ба истиқлол расидани Куртҳо пас аз муборизаҳои шадид ва хунрезиҳои пай дар пайи қариб як садсола буд (аз соли 1245 то 1337). Дар ин муддат тоҷикони Хуросон ба камшуморӣ ва камқудратии худ нигоҳ накарда, ба хотири истиқлоли миллӣ пайваста бар зидди ҳукуматҳои сангини муғулӣ мубориза бурданд. Пойтахти ин давлат ш. Ҳирот чандин маротиба ба хоку хун кашида шуд. Аз ҷумла, сахттарин ҷангҳо дар ин ҷо солҳои 1290, 1307, 1319 рух дод, ки ҳар дафъа шаҳр пурра вайрон ва аз одам холӣ мешуд ва боз ба зудӣ онро ободу пойдор мекарданд. Ниҳоят, соли 1337 истиқлоли пурра ба даст оварданд, ки қариб ним асри дигар соҳибистиқлол буданд. Соли 1381 аз ҷониби Темур ин давлат барҳам дода шуд.

пешина
аз 395
навбатӣ