Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МАСЪУДБЕКИ ЯЛАВОЧ, ЧӢ ГУНА
ИСЛОҲОТ ГУЗАРОНИД?
Масъудбеки Ялавоҷ, чун ҳокими Мовароуннаҳр, аз имкони давлатдорӣ оқилона истифода бурда, як қатор ислоҳот, аз ҷумла ислоҳоти пулӣ кард. Мувофиқи ислоҳоти пулӣ сикказании пули нуқра баробари пулҳои гаронқимати тиллоӣ ба роҳ монда шуд, ки ин амал боиси рушди тиҷорат, ташаккули муносибатҳои пулӣ, тараққии шаҳру деҳот ва осоиши нисбии мардум гардид.
ХОНИБУЗУРГИ МУҒУЛ Мангу-қоон барои забти ниҳоии Эронзамин — аз миён бурдани давлати Исмоилиёни Аламут ва хилофати ислом бародараш — Ҳулогуро бо лашкари тақрибан садҳазорнафара ба сӯи Хуросон фиристод. Ӯ соли 1256 Аламут ва соли 1258 Бағдодро ишғол намуда, давлати Исмоилиёни Эрон ва хилофати Аббосиёнро нобуд кард ва бо ҳамин кулли Эронзамин (қисмати аз рӯди Ому ба сӯи ғарб), Ироқ, Озарбойҷон, Арманистон ва як қисми Осиёи Хурд дар ихтиёри ӯ даромад. Ва дар ҳамин ҳудуд давлати худро, ки бо номи «Ҳулогуиён» (ё «Элхонҳо») маъруф аст, таъсис дод. Хонҳои машҳури онон Абоқохон (1265-1282), Такудор (1282-1284), Арғунхон (1284-1291), Байғотухон (1291-1294), Ғозонхон (1294-1304) ва Абусаъид (1317-1335) буданд.
Ҳулогу бо расиданаш ба Эронзамин донишмандон-сиёсатмадорони тоҷикро барои таъсис додани давлаташ ба дарбор кашид. Аввалин бузургвазири онон Сайфуддини Хоразмӣ буд, ки дар давоми ҳафт соли аввал (1256-1262) сохтори давлатии онҳоро тартиб кард ва ба низом овард. Баъд аз марги ӯ сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шамсуддин Муҳаммади Ҷувайнӣ, маъруф ба Соҳибдевон вазири бузурги онҳо ва бародараш Атомалики Ҷувайнӣ (муаррихи бузург) ҳокими Бағдод шуд. Инҳо дар муддати зиёди соҳибмансаб буданашон унсурҳои давлатдории миллии эрониро дар давлати онҳо ҷорӣ карданд, то ҷое ки хон Такудор (1282-1284) зери таъсири онҳо монда, ҳам мусулмон шуд ва ҳам эълом дошт, ки қонунҳои исломӣ дар мамлакаташ ҷорӣ дошта шаванд. Сарварони муғул аз ин ба ғазаб рафта, дар пайи нобуд кардани сиёсатмадорони тоҷик шуданд ва дар солҳои 1283-84 тамоми бузургонро ба қатл расониданд. Пас аз ин ҳукмронии онҳо заиф шуд, ба ночор боз вазирони тоҷикро ба кор гузоштанд. Ин дафъа Хоҷа Садруддин Занҷонӣ бо лақаби Садриҷаҳон (1291) вазир шуд ва мартабаи он фавқулода бузург эълом дошта шуд.
Ҳамин ки ба сари тахти Элхони Ғозонхон омад (1294-1304), рӯҳияи давлатдорӣ тамоман дигар шуд. Ӯ донишманди маъруф ва муаррихи тавоно Рашид ад-Дини Фазлуллоҳро ҳамчун вазир ва мушовири хосса барои омода сохтани ислоҳоти давлатӣ ва амал кардани он имтиёзи фавқулода дод. Тамоми ислоҳоте, ки бо номи Ғозонхон дар таърих маъруфанд, ҳама кори Рашидаддин буд. Ба қавли И. П.
Петрушевский давраи исломи ва шукуфоии давлати Ҳулогуиён фаро расид. Рашидаддин инчунин файласуф, сиёсатмадор, иқтисоддон, табиби бузург, мунши ва муаррихи забардаст буд. Ӯ ро соли 1318 бо туҳмати ҳасудон ҳамроҳи писараш ба қатл расониданд. Пас аз Ӯ давлати Ҳулогуиён рӯ ба инқироз ниҳод.
Охирин ҳукмрони Ҳулогуиён - Туготемурхон ба дасти муборизони тоҷик - Сарбадорон дар соли 1353 ба қатл расид ва давлати бештар аз 90-солаи онҳо комилан аз
миён рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё