Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАҒАТОИЁН
(1227–1370)
Чингизхон қабл аз вафоташ мулкҳои забткардаашро дар байни фарзандон тақсим намуд ва ҳудудҳои Мовароуннаҳрро соли 1227 ба Чағатой дод. Улуси Чағатой тайи солҳои 1227–1359 вуҷуд дошта, баробари Мовароуннаҳр қисми Туркистон ва Ҳафтрӯдро низ фаро мегирифт. Ин улус дар замони ҳукмронии Чағатой (1227–1241) ҳуқуқи васеи давлатдориро надошт ва масъалаҳои муҳими давлатӣ бо дастури Муғулистони Бузург ҳал мешуд. Хонҳои номдори сулолаи Чағатоиён Дувохон (1291–1306), Буроқ (1266–1271), Некпай (1271–1272), Туготтемур (1272–1291), Кепикхон (1318–1326) мебошанд. Дертар қаламрави Чағатоиён қариб ба 30 мулки ҷудогона тақсим шуда, рақобату кашмакашҳои дохилӣ миёни хонадони Чағатоиён авҷ гирифт. Баъди футуҳоти Темур давлатдории Чағатоиён амалан аз байн рафт.
ЧАҒАТОЙ ДАР УМУРИ ДАВЛАТ
БА КӢ ТАКЯ МЕКАРД?
Чағатой аз умури идоракунӣ чандон огоҳ набуд ва ба ҷои ӯ ин кишварро Маҳмуди Ялавоҷ ном тоҷири хуҷандӣ, ки гумоштаи муғулон буд, идора мекард. Чанде нагузашта Маҳмуди Ялавоҷ сардори мулкҳои муғулон дар Чин таъйин шуда, идоракунии Мовароуннаҳр аз соли 1238 ба писари ӯ Масъудбек расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё