Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
КУШТОРИ ТОҶИКОН ДАР КАДОМ
ШАҲРҲО ИДОМА ЁФТ?
Чингизхон бо сад ҳазор сарбоз шаҳри Балхро забт карда, онро ба хок яксон намуд. Лашкари муғул соли 1221 шаҳри Урганчро муддати 6 моҳ муҳосира намуда, ниҳоят дарғоти оби Омуро шикаст ва шаҳрро саросар ғарқи об ва ба хок яксон кард. Дар шаҳри Урганҷ тақрибан 1 млн 200 ҳазор нафар қатли ом гардид ва шумораи зиёди занону кӯдаконро ба ғуломӣ бурданд. Соли дигар писари Чингизхон Тулуй Хуросонро забт карда, шаҳри бузургтарини он Марвро ба хок яксон намуд ва беш 1 млн 300 ҳазор аҳолии онро қатли ом кард. Ҳамин тариқ ӯ баъди гирифтани Нишопур беш аз 1 млн 747 ҳазор ва ҳангоми фатҳи шаҳри Ҳирот 1 млн 600 ҳазор нафарро сар зад.
ТАЪРИХНИГОРОН ОИД БА
ТОХТУТОЗИ МУҒУЛ ЧӢ
НАВИШТААНД?
Аз таҳқиқи сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ҳангоми тохтутоз ва кушторҳои хунини Чингизхон мардуми тоҷик ҳадди ақал даҳ миллион нафар талафоти ҷонӣ додаанд. Дар «Таърихи Ҷаҳонкушой» оид ба ҳуҷуми муғул кӯтоҳтарин ва рехтатарин баҳо дода шудааст, ки аз он беҳтар наметавон гуфт: «Омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд».
ИБНИ АСИР МЕНИГОРАД: «Мардум дигар мисли ин ҳодисаро то инқирози олам ва поёни дунё набинанд. Яъҷуҷу Маъҷуҷ ва Даҷҷол лоақал бар мутеи худ раҳм мекунанд ва мухолифинро аз миён бармедоранд, вале ин ҷамоат (муғулон) ба ҳеҷ кас раҳм наоварданд, занону мардон ва кӯдаконро куштанд ва шикамҳои ҳомиладоронро дариданд ва атфоли ҷанинро низ ба қатл оварданд».
Муғулҳо ҳокимони маҳаллиеро, ки бо онҳо мухолифат мекарданд, бо вазъи бадтарин ба қатл мерасонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё