Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Темурмалик дар наздикии шаҳри Чанд боз ба муҳосираи муғулҳо афтода, дар ҷанги нобаробар сарбозонашро аз даст дод. Ӯ бо чанд нафаре, ки зинда монда буданд, аз таъқиби муғулон раҳида ба Урганҷ расид ва бо писари Муҳаммад Хоразмшоҳ – Султон Ҷалолуддин пайваст. Онҳо бо истилогарони муғул дар Нисо, Толиқон, Ғазнин, Бомиён ва Парвон ҷангҳои қаҳрамонона намуда, соли 1221 оқибат ҳангоми муҳорибаи хунин дар канори рӯди Синд шикаст хӯрда, ба Ҳиндустон фирор карданд. Баъдан ҷангҳои худро бо муғулон дар қисматҳои ғарбии Эронзамин идома доданд.
Мирхонд менависад, ки Чингизхон шаҳри Тирмизро ба замин ҳамвор сохт ва ҳеҷ кас аз сағиру кабир ва ғарибу фақир ҷон ба саломат набурд. «Гӯянд, ки авратеро муғулон гирифта хостанд, ки бикушанд. Гуфт, ки бар ман ибо кунед (накушед), то дар ивази ҳаёт марвориди бузурге ба шумо диҳам.
Гуфтанд: Куҷост? Гуфт: Фурӯ бурдаам. Филҳол шиками ӯро шикофта, марворидро ба даст оварданд.
Бад-ин сабаб шиками тамоми куштагонро мешикофтанд, то марворид пайдо кунанд».
ЧИНГИЗ БА ПИСАРАШ ТУЛУЙ ЧӢ НАСИҲАТ КАРД?
Чингиз ба писараш Тулуй чунин насиҳат карда буд: «Туро ба Хуросон мефиристам! Зинҳор ки бедору ҳушёр бошӣ ва бар тоҷикон эътимод накунӣ, хосса бар хуросониён. Мусаллам шудани он диёр ба қатли сағиру кабир ва қалъи қалъаву ҳисор аст.
Ва халқи ҳар шаҳр, ки бар хилофи ҳукми мо раванд, чун он шаҳр фатҳ шавад, аз бачаи гаҳвора то пири садсоларо ба қатл расонед!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё