Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАРО ДАВЛАТИ ҒУРИЁН ЗАВОЛ ЁФТ?
ПАС аз марги бародарон Ғиёсуддин (1203) ва Муизуддин (1206) давлати Ғуриён рӯ ба таназзул ниҳод. Расман Алоуддин Муҳаммад султони мамлакат бошад ҳам, ин салтанати паҳновар амалан ба се қисм ҷудо шуда буд, ки ҳар кадомаш пойтахти худро дошта, аз ҷониби султони ҷудогона идора мешуд. Қисмати вилояти Хуросон аз шаҳри Фирӯзкӯҳ; қисмати ҳиндустонӣ ва ҷанубии Хуросон аз шаҳри Ғазнин, қисматҳои шарқии Хуросон ва ҷанубии Мовароуннаҳр бо ҳудудҳои Тирмиз, Чағониён ва водиҳои Ҳисору Вахшу Хатлон аз шаҳри Бомиён идора мешуданд. Ин се қисмати бузург, ки ҳар кадом худро давлати алоҳида меҳисобид, давлати мутамаркази Ғуриёнро ба парокандагӣ ва таназзул оварда расонид. Соли 1204 Муҳаммад Хоразмшоҳ ба Хуросон лашкар кашида, ба муқовимати сахти Шиҳобуддини Ғурӣ дучор омад. Дар муҳорибаи дуюми онҳо дар наздикии Урганҷ лашкари Ғуриён аз лашкари муттаҳидаи Хоразмшоҳиён шикаст хӯрд ва бо ҳамин давлати Ғуриён боз ҳам заифтар шуд. Охирин ҳукмрони давлати Ғуриён Алоуддин Муҳаммад соли 1215 ба Хоразмшоҳиён бидуни ҷангу муҳориба таслим шуд ва бо ҳамин давлати Ғуриён барҳам хӯрд.
Қутббуддин Ойбек – яке аз гуломони турки султонони Ғурӣ, ки аз номи онҳо дар Деҳлӣ ҳукумат мекард.
Қутбманори Деҳлӣ. Баландтарин манори сангин дар тамоми Ҳиндустон аст, ки ба фармони Муизуддини Ғурӣ аз ҷониби Қутббуддин Ойбек сохта шудааст. Баландии манора 73 метр буда, он рамзи давлатдории тоҷикон дар Ҳиндустон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё