Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТДОРИИ
ХОРАЗМШОҲИЁН

Хоразмшоҳиёни нахустин сулолаи эронитаборе мебошанд, ки дар нимаи дуюми асри X дар сарзамини Хоразм муттаҳид шуда, давлатдории худро ба вуҷуд оварданд. Бунёдгузори ин сулола Маъмун ибни Муҳаммад (995–997) соли 996 Хоразми Шимолӣ ва Ҷанубиро муттаҳид намуда, таҳти назорати давлати Сомониён ҳукуматдорӣ мекард.

ХОРАЗМШОҲИЁНИ АВВАЛ
ЭРОНИТАБОР БУДАНД

Сулолаи Хоразмшоҳиёни аввал бо номи Маъмуниён ёд мешуд. Баъди Маъмун писараш Алӣ (997–999) аз тобеияти Сомониён баромада, истиқлолият ба даст овард ва унвони «хоразмшоҳ»-ро гирифт. Подшоҳи охирини ин сулола Маъмун ибни Маъмун (999–1017) барои ободонии мамлакат кӯшиш намуда, шаҳри Грганчро пойтахти худ қарор дод. Хоразмшоҳиёни Маъмунӣ тайи солҳои 995–1017 ҳукмронӣ карда, ба ҳимоят ва усули давлатдории Сомониён такя мекарданд. Онҳо илму адабпарвар буда, муддате Абуалӣ ибни Сино, Саолибӣ ва дигаронро сарпарастӣ намудаанд.

Хоразмшоҳиёни турктабор чӣ гуна
падид омаданд?

Маҳмуди Ғазнавӣ соли 1017 дар наздикии Ҳазорасп лашкари Маъмунро шикаст дода, истиқлоляти кӯтоҳи Хоразмро аз байн бурд ва ба он Алтунтош ном ҳоҷиби турки худро ҳоким таъйин кард. Алтунтош аз ҷумлаи аввалин ҳукмрони туркнажоди Хоразм аст. Баъди шикастхӯрии давлати Ғазнавиён соли 1041 Салҷуқиён Хоразмро ишғол намуданд. Маликшоҳи Салҷуқӣ соли 1077 Ануштегин ном ғуломи турки худро ҳокими Хоразм гузошт. Ануштегини Отсиз бунёдгузори сулолаи турктабори Хоразмшоҳиён буда, тайи солҳои 1077-1097 зери итоати Салҷуқиён ҳукмронӣ кардааст. Писари ӯ Қутбуддин Муҳаммад (1097-1127), надими Султон Санҷари Салҷуқӣ буд. Баъди ӯ писараш Отсиз (1127-1156), амалан истиқлолят ба даст оварда, давлати Хоразмшоҳиён бунёд гузошт. Подшоҳони минбаъдаи Хоразмшоҳиён Эларслон (1156-1172), Алоуддини Текеш (1172-1200) ва Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200-1220) мебошанд.

Авҷи қудрати хоразмшоҳиён кай буд?

Хоразмшоҳиён дар замони ҳукмронии Алоуддин Текеш (1172-1200) қудрати бештар ёфта, Хуросонро бо шаҳрҳои Нишопур, Рай ва Марв зери итоати худ оварданд. Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200-1220) машҳуртарин султони Хоразмшоҳиён буда, ба қаламраваш қариб тамоми Хуросон, Мовароуннаҳр, Ҳафтрӯд, қисмати шимолии Афғонистон ва Эрону Ироқро ҳамроҳ намуда, аз халифа умури идораи Бағдодро талаб кард. Вале тохтутози ногаҳонии муғул соли 1220 Хоразмшоҳиёнро аз миён бардошт ва ҳукмрони охирини ин хонадон Ҷалолуддин Хоразмшоҳ тайи солҳои 1220-1231 мубориза бурда, ин давлатро барқарор карда натавонист.

пешина
аз 395
навбатӣ