Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мактаб қабул накарданд, чунки қаду вазнаш мувофиқат намекард. Қадаш як метр-у ҳаштому панҷ сантиметр, вазнаш панҷоҳу ду кило буд. Барои вазни мӯътадилаш боз сию ду кило немерасид. Ҳарчанд Шодӣ Саидов даву тоз кард, ба назди ректор В. Митронов даромада, хост исбот кунад, ки ӯ дар хунукии 42-дараҷа дар ҷангҳои шаҳри Ногинскии вилояти Маскав иштирок карда, чанд маротиба ярадори вазнин шудааст, аз саломатиаш ягон шиквае надорад, вале талошҳояш натиҷаи мусбат надод. Ректор дар гапаш қатъӣ истод. «Мо бе иҷозати комиссияи тиббӣ шуморо қабул карда наметавонем». Шодӣ Саидов қабул нашуда, ба Ватан баргашт ва баъди як сол боз ӯро барои таҳсил ба ҳамон Мактаби олии ҳизбӣ фиристоданд. Ин дафъа Шодӣ Саидов чӣ коре кард, бо кадом роҳу воситае дили табибонро ёфт, ки ҳарчанд қаду вазнаш мисли пештара ба талабот мувофиқат намекард, қабул шуд.

Ҳамон духтури ба қавли худаш қадпасте, ки як сол қабл ӯро аз дохилшавӣ боздошта буд, рафиқу ҷӯрааш шуд ва Шодӣ Саидовро зери назорати худ гирифт. Дар муддати се сол вазни Шодӣ Саидов чилу ду кило зиёд шуд. Духтури мактаб боҳайрат ба ӯ гуфт, ки дар таҷрибаи зиёди корӣ бори аввал мебинам, ки одам дар се сол 42 кило фарбеҳ шавад. Даҳ-понздаҳ кило зиёд шудани вазнашро дида будам, лекин инашро бори нахуст мебинам. Шумо бештар чӣ мехӯред, Шодӣ Саидович?

  • Агар сосискаю сарделкаи (ҳасибҳои) ман хӯрдагиро нӯг ба нӯг пайванд кунед, аз Маскав то ба Душанбе мерасад. Духтур аз ҳаҷви ӯ ба завқ омад ва хандиду «Зинда бошед, Шодӣ Саidов»,-гуфта, ба тахтапушти ӯ тап-тап зад.

Баъди ҳатми Мактаби олии ҳизбӣ аввал мудири шӯъба ва сипас ба ҷрои Расул Болтаев котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» таъин гардид.

Расул Болтаев хислати аҷибе дошт, беқарору бетоқат буд, ҳар замон тугмачаи утоқи кориашро, ки бо котибот пайваст мешуд, баҳудаю беҳуда пахш карда, ба ходимони редакция «Рафта об биёр», «Як ҷойи талх дам кун», «Ин маводро ба мошиннавис деҳ»... фармонҳо медод. Шодӣ Саидов рӯзи аввали дар ин курсӣ нишастанаш тугмачаро пахш кард, ки аз котибот тарҷумони номдори редакция Абдураҳмон Назаров давида омад. «Лаббай, ака, чӣ хизмат?

пешина
аз 173
навбатӣ