Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ин идора ҳар сол як филми бадеӣ, 8 - 10 филми мустанад, як филм-концерт истеҳсол мекард. Қисми зиёди ин филмҳо аз рӯи супориши телевизиони марказӣ наворбардорӣ мешуданд.
Тамоми маҳсули эҷодии «Тоҷиктелефилм»-ро баъди тамошо ва қабул кардани Ғоиб Қаландаров мо имконият пайдо мекардем, ки ба Москва барои намоиш додан фиристем. Ҳар сол тавассути Раёсати давлатии таъминоти хориҷӣ (ГУВО), телевизиони Марказӣ (ОРТ) аз 5 то 7 филми идораи «Тоҷиктелефилм» - ро нусхабардорӣ намуда, ба 20-25 мамлакати ҷаҳон мефиристод.

Филмҳои мустанави «Тоҷиктелефилм» мавзӯъҳои гуногунро дар бармегирифтанд. Дар филмҳои мустанади «Раҳмдил», «Замини Хатлон», «Ҷилои ҳунар», «Мерос», «Ман сулҳро месароям», (Дар бораи М. Турсунзода) «Дарёдил», «Бозгашт», «Хоҳарон» ва дигарон аз боби дигаргуниҳои сиёсию иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон, дӯстию бародарӣ, меҳру муҳаббати якдигарӣ, меҳнатдӯстиву ватандорию одаму одамгарӣ сухан мерафт.

Филми ҳуҷҷатии истеҳсоли «Тоҷиктелефилм», «Ман забони русиро меомӯзонам», дар бораи муаллима Мария Трофимова, ки солҳои тӯлонӣ дар ноҳияи Ғарм (Рашт) ба фарзандони мардуми кӯҳистон забони русиро меомӯзонад нақл мекунад. Ин филм соли 1981 дар фестивали умумииттифоқии филмҳои телевизионӣ дар шаҳри Ереван ҷои аввалро гирифта, сазовори мукофоти Гран-прии фестивал гардид. Ин филм бо тиражи калон ба 15 ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристод шуд.

Ҳамаи ин ба шарофати роҳбарии эҷодкорона, ҷустуҷӯ ва ҷаҳду талошҳои босамари Ғоиб Қаландаров муяссар гардид.

Ҳамин навигари ва пешравиҳоро шунида, раиси Кумитаи
давлатии телевизион ва радиои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Лапин
С.Г. бо даъвати Қаландаров Ғ.Н. барои бо ҳаёт ва фаъолияти
кормандони Кумитаи давлатии телевизион ва радиои
Тоҷикистон шинос шудан соли 1978 ба Душанбе омад. Вай тӯли
се - чор рӯз бо фаъолияти кормандони Кумита шинос шуд ва
он дигаргуниҳое, ки дар муддати кӯтоҳ Қаландаров Ғ. Н. дар
Кумита карда буд, дида бағоят хурсанд шуд. Сергей Георгиевич
ҳини хайру хуш гуфт, ки ман чанд маротибае, ки дар Маскав бо
Ғоиб Назарович вохӯрдам, ҳис кардам, ки ӯ роҳбари кордон,

пешина
аз 173
навбатӣ