Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Каландаров Ғ. ба иҷрои вазифаи нав шурӯъ карда, дид, ки шароити кори моддию маишии кормандони Кумита чандон табъи дил нест. Кумита дар кӯчаи Орҷоникидзе, дар як бинои дуошёнаи чӯбу гилин (каркасӣ) ҷойгир буд. Утоқҳои кориаш тангу торик буданд, барои кори мӯътадил шароити дуруст вуҷуд надошт. Дар кӯчаи Чапаев - 31, барои кормандони телевизиюну радио иморати калони 6-ошёнаро кайҳо рост карда бошанд ҳам, бо сабабҳои номаълуме солҳои тӯлонӣ чала мехобид.
Каландаров Ғ.Н. бо мутахассисон гуфтугӯ кард ва сохтмони онро дар муддати ду - се моҳ ба анҷом расонид ва кормандони Кумита ба ин бинои бошукӯҳ кӯчида гузаштанд.
Моҳи апрели соли 1977 буд.
Рӯзе Ғоиб Назарович дар даҳлези редаксияи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», ки ман чор сол боз дар он ҷо кор мекардам, вохӯрда гуфт, ки пагоҳ ба наздаш дароям. Рафтам. Ӯ ҳамроҳи муовинҳояш нишаста буд, ба ман нигоҳ карда, аввал бо табассум, баъд бо ҷиддият гуфт: - Ман бо роҳбарияти КМ маслиҳат кардам, ба Кумита ба кор мегузарӣ, директории барномаҳои телевизионро ба зимма мегирӣ, якҷоя кор мекунем.
Вазифаро моҳи апрели соли 1977 қабул кардам, 9 сол директор ва панҷ сол муовини раис шуда, бо ҳам кор кардем. Шароити кории бештар аз 800 нафар кормандони телевизион ва маркази техникии Кумита ҳам чандон мусоид набуд. Ғоиб Назарович бо Ҳукумати Тоҷикистон, лоиҳакашону мутахассисон маслиҳат карда, дар шафати бинои маркази техникӣ, ба сохтани бинои дуошёнаи маъмурӣ, барои кормандони эҷодии телевизион шурӯъ намуд. Ҳар гоҳе вориди саҳни телевизион мешуд, қабл аз ҳама ба назди бинокорон рафта, аз ҳолу аҳволи эшон пурсон мешуд. Ононро аз нарасидани маводе бекор медид, дарҳол ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор занг зада, масъаларо ҳал мекард. Ҳамин серталабию сахтгирии ӯ буд, ки иморат се моҳ қабл аз мӯҳлат ба истифода даромад. Имрӯз дар ин бино бештар аз 400 нафар кормандони эҷодии телевизиони ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Дар дохили он толори маҷлисгоҳ, ошхона, қаҳвахона ва дар саҳни он ошхонаи миллию чойхона фаъолият мекунанд. Барои фаъолияти мӯътадили кормандон шароити шоистаи кори эҷодӣ муҳайёст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё