Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

шуд. Соли 2002 буд. Нависандаи ҷавон Муҳибуллои Қурбон ба ҳайси тарҷумон бо як намояндаи хориҷӣ назди раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ омад. Баъди вохӯрӣ ӯ даҳонашро ба бехи гӯшам овард: - ако, ёд доред, ҳо, ҳамон як «Чапакзанӣ»-е, ки гум карда бубед, ёфт шуд, ё не?! – гуфту қоҳ-қоҳ хандид. Худи ҳамон шаб ман нишаста як ҳикояи ҳаҷвӣ бо номи «Як чапакзанӣ» навиштам ва он дар маҷмӯаи аввалинам бо номи «Ҳоҷии ошиқ» дастрасии хонандагон гардид.

Тӯли чор соле, ки Ғ. Қаландаров сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буд, шароити эҷодӣ ва моддию маишии рӯзноманигорон аз ҳар ҷиҳат беҳтар гардид. Рӯзнома аз ҷиҳати банду баст ва мазмуну мундариҷа ва сифати мавод хонданбоб шуд, дар саҳифаҳои он бештар мақолаҳои проблемавӣ дарҷ мегардиданд. Ҳар як фелетону мақолаҳои танқидиме, ки дар саҳифаҳои рӯзнома чоп мешуданд, мавриди баррасӣ ва муҳокимаи Бюрои Комитети Марказӣ, Ҳукумат ва Вазорату идораҳои марбута қарор мегирифт. Натиҷаи ҳамин буд, ки мартабаи рӯзнома дар байни муштариён баланд ва обрӯи журналистони он хеле боло гардид. Соли 1975 ҷашни нимасраи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» васеъ таҷлил шуд. Чандин кормандони редаксия сазовори унвонҳои фахрию мукофотҳо шуданд. Ёд дорам, ба ҳамаи мудирони шӯъбаҳои редаксия яктоӣ соати дастӣ дода буданд, ки дар онҳо чунин навишта шуда буд:

Аз ҷашни 50-солагии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ». Барои кормандони рӯзнома дар як мошин тӯҳфа, иборат аз табаку коса, чойнику пиёла ва гулдонҳои зебо оварданд, ки ғайр аз журналистони редаксия қариб ҳамаи роҳбарони вазорату идораҳо низ паси ҳам омада аз ин тӯҳфаҳо баҳраманд мешуданд. Ҷашни 50-солагии рӯзнома дар тарабхонаи «Ором» гузаронида шуд, ки дар он шахсиятҳои маъруф Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Меҳрубон Назаров чун меҳмонҳои фахрӣ ширкат варзиданд. Ин ҷашни бошукӯҳ дар хотири мо журналистон чун як маҳфили шеъру суруд боқӣ монд. Рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» барои банда як донишгоҳи мукаммали обу тоби сиёсӣ ва сайқали маҳорати журналистӣ гардид.

Худи ҳамон сол бо ташаббус ва саъю талоши Ғоиб Қаландаров дар километри 9-уми кӯчаи С. Айнӣ бинои

пешина
аз 173
навбатӣ