Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
истиқоматии рақами 293 барои рӯзноманигорон ҷудо карда шуд, ки бештар аз 50 оилаи журналистони рӯзномаю маҷаллаҳои расмии ҷумҳуриявӣ соҳиби хонаи истиқоматӣ шуданд. Мактаби рӯзномаи «Правда» ва «Тоҷикистони советӣ»
диди Ғоиб Қаландаровро фарох ва биниши ӯро нозук карда буд. Сиёсатро хуб дарк мекард. Аз ҳамин лиҳоз роҳбарияти ҷумҳурӣ ӯро аз ҳар ҷиҳат эҳтирому дастгирӣ менамуд.
Ғоиб Қаландаров ба қадри инсон, одаму одамгарӣ, пулу лукмаи ҳалол мерасид. Чунки ӯ аз хурдиаш ятим монда азобу мушкилоти зиёдеро паси сар кардааст. Вай ҳанӯз дар батни модар буд, ки падараш Раҷаби Қаландар аз олам гузашт. Дар ғайби падар ба дунё омад гӯён номашро «Ғоиб» монданд. Дар чорсолагӣ аз модар ҳам маҳрум гардид. 9 сол дар хонаи бачагони Оби гарм тарбия гирифт ва соли 1936 ба ятимхонаи №4 - и ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) фиристоданд.
Дар ноҳияи Сталинобод (ҳозира Якачинор) рӯзноманигор Абулхайр Усмонов ба сифати муҳаррири рӯзномаи «Сталинобод» кор мекард. Падараш мударриси мадрасаи тиллокории регистони Самарқанд - Мулло Усмон аслан аз Фалгар (имрӯза ноҳияи Айнӣ) буда, баъди хатми мадраса дар Самарқанд хонадор шуда буд. Писараш Абулхайр ҳам дар ҳамин шаҳр, ба духтари аммааш Масъуда издивоҷ кард, лекин чанд соли умрашон якҷоя гузашта фарзанд наёфтанд. - «Масъудаҷон, духтурҳо собит кардаанд, ки агар мард бо каси аз ҳамавлоди худаш хонадор шавад, аз онҳо фарзанд намешавад ё агар шавад ҳам, маъюби маслуқ мегардад. Эҳтимол мо тамоман фарзанд наёбем - гуфт як рӯз бо табъи хира Абулхайр ба завҷааш. Охир мо ҳарду аз як авлодем
- ку!»
-Фарзанд ин доди Худо аст, сабр кардан лозим, - гуфт Масъуда шавҳарашро тасалло дода. Биёед, аз хонаи кӯдакон ягон бача гирифта калон кунем, шояд ӯ паи қадами нек кунаду Худо дар хонаи мо фарзандеро ато намояд, илова кард завҷааш.
- «Ин гапат ҳам маъқул», - тасдиқ кард Абулхайр.
Ҳардуи онҳо ба ятимхонаи №4 - и ноҳияи Ленин рафта, аз онҷо Ғоиб ном писарбачаи 13-14 солаи чашму абрӯвонаш сиёҳи хушрӯйро, писархонд гирифта оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё