Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
— Э, шумо чӣ гуфта истодаед?! — гуфт ҷиддӣ Карим Мамадов.
- Пагоҳ ду нафақахӯр рӯзномаро гирифта, чапакзаниҳоро ҳисобу муқоиса мекунанд ва ба Кумитаи Марказӣ телефон карда мегӯянд, ки рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» дуто «Чапакзанӣ»-и Пленуми КМ КПСС-ро чоп накардааст. Ана, баъд мебинед, моро муҳокима карда, ҷазо медиҳанд. Мекобем, ҷӯра, то наёбем, ба чопи иҷозат намедиҳам...
Сармуҳаррири рӯзнома ҳар замон телефон карда мепурсид, ки чаро то ҳол ба чопи рӯзнома иҷозат надодаем? Мо бошем, сирро аз ӯ пинҳон нигоҳ медоштем.
Боз кофтем, ду рӯзномаро ҳисобу муқоиса кардем, як «Чапакзанӣ»-ро ёфтем, нафасамон каме рост шуд, вале дуюмашро ҳеҷ наёфтем. Ман ба Карим Мамадов пешниҳод кардам, ки биёед як «Чапакзанӣ» аз худамон илова мекунему бо ҳамин ҷон халос.
-
Шумо чӣ гуфта истодаед?! - намешавад, худашро ёфтан лозим! Чопи рӯзнома аз график хеле қафо монд. Ба Ғ. Қаландаров касе телефон карда, асли воқеаро хабар додааст. Нохост дари сехи матбаа кушода шуда, Ғоиб Қаландаров даромад ва ба Карим Мамадов ғазаболуд нигоҳ карда: «Чаро рӯзнома дер монда истодааст?!» гуфт.
-
Ғоиб Назарович, як чапакзанӣ гум шудааст, ҳеҷ наёфта истодаем, нафақахӯрҳоро худатон медонед...
Биёед саҳифаҳоро ман имзо мекунам, - гуфту ба ҳар чор саҳифа Ғоиб Қаландаров «Ба чопиш иҷозат медиҳам» - навишту имзо гузошт.
Карим Мамадов паси каллаашро каме хориду ба ман нигоҳ карда: «Ана, ин гапи дигар, масъулият аз гардани мо соқит шуд!» - гуфт.
Рӯзи дигар аллакай гум шудани як чапакзанӣ дар редакция ва берун аз он паҳн шуд. Гашти рӯз буд, ки С. Ҳалимшо вориди утоқи кориамон шуду ба ман «Ҳа, мудир, раиси иттифоқи касаба», шунидам, як чапакзании Пленуми КМ КПСС-ро гум кардаӣ, туро муҳокима карда, ҷазо додан лозим» - гуфту пих-пих хандидан гирифт.
Ҳамин тавр, ба ноҳияҳо ҳам ки мерафтам, воқеаро ба ман ёдоварӣ мекарданд. Қариб буд, ки аз ҳамин гум шудани як «Чапакзанӣ» кимоб шавам. Аз байн бештар аз 25 сол сипарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё