Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

«Правда» ба ӯ супорида гуфт, ки Ғоиб Қаландаров барои хизматҳои барҷастаи 15-солаш ҳамчун рӯзноманигори сермаҳсул дар Китоби фахрии редаксияи рӯзномаи «Правда» номнавис шудааст.

Дар хотир дорам, Ш. Саидов ҳуҷҷатҳои маро барои мудири шӯъбаи «Илм ва маданият» шудан ба шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи Кумитаи Марказӣ пешниҳод кард. Касе аз болои Шодӣ Саидов мактуби шикоятии беимзо навишта арз кардааст, ки И. Мирзоев ҳамшаҳрии сармуҳаррир аст. Ҳамин тариқ, ман қариб як сол иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъба шуда гаштам, лекин ҳуҷҷатҳои маро барои тасдиқ кардан ба Бюрои КМ пешниҳод накарданд. Ҳамин ки Ғоиб Қаландаров сармуҳаррир таъин шуд, ду ҳафта пас ин масъаларо ҳал карда, мудир таъин намуданд.

Як лаҳзаи дигар ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намешавад. Моҳи июли соли 1975 буд. Пленуми КМ КПСС доир гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи хоҷагии халқи СССР мавриди баррасӣ қарор гирифт. Материалҳои ин пленум мебоист дар шумораи рӯзи дигар муфассал чоп шаванд. Дар ҳамин шумора муовини сармуҳаррир Карим Мамадов (рӯҳашон шод бод) муҳаррири навбатдор буду банда ёрдамчии ӯ. Ҳар чор саҳифаро оварданд, хонда бо ҳам муқоиса ва хатоҳоро ислоҳ намудем. Нохост ба сари Карим Мамадов фикре омаду ба ман гуфт: рафта аз сех ҳар чор саҳифаи рӯзномаи «Коммунист Таджикистана»-ро гирифта биёред.

  • Тинҷӣ - мӣ, ягон хато шудааст? – пурсидам аз ӯ.

-Рафта биёред, баъд мефаҳмед, - гуфт ӯ боз саҳифаҳои рӯзномаро аз назар гузаронида, ҳисоб кардан гирифт.

Ман рафта тез чор саҳифаи рӯзномаи «Коммунист Таджикистана»-ро овардам, бинам ӯ аввал саҳифаи якум, баъд дуюм, сонӣ сеюму чаҳорумро аз назар гузаронида, ҳисоб мекард: Ана, ман гуфтам, - хато шудааст! – хитоб кард вай.

-Чӣ шудааст? – боз кунҷковона савол додам ман.

-Дар рӯзномаи мо нисбат ба рӯзномаи русӣ ду «Чапакзанӣ» кам аст!

-Ин хатои ҷиддӣ нест, - гуфтам ба ӯ, - биёед имзо кунед, ки аз график дер намонем.

· Ҳамон вақт чунин як қоида буд: агар рӯзнома бо айби редаксия аз график дер монад, редаксия ҷаримаи калон медод.

пешина
аз 173
навбатӣ