Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

гираму Алибеку Заррина аз ту ва ҷудо мешавем. Хоҳӣ бароят шавҳар ҳам ёфта медиҳам.

Табъи Гулчеҳра хира шуд. Ҳатто газабаш омад. Лекин ман парво надоштам. Асаби ман мустаҳкам, ба оби пӯлод сайқал додагӣ, ба анча-мунча ҷангу ҷанҷол вайрон намешавад. Агар диламро аз сандуқи сина бароварда бинӣ, аз ҳар зан як доге ҳаст. Охир, чӣ илоҷ? Дили одаткарда-балои ҷон гуфтагиаш ҳамин будагист?

Гапи маъқул, вале...

...Моҳи март буд. Маро роҳбари студентони курси сеюм таъин карда, ба мактаби миёнаи ба номи Пушкини қишлоқи Кучкак таҷрибаомӯзӣ фиристоданд.

Дар рӯ ба рӯи мактаб комбинати хизмати маишӣ воқеъ буд. Як пагоҳӣ чашмам ба зани мавзунқомату химчамиён, чашму абрувони сиёҳе афтид, ки омада, вориди комбинат шуд. Фавран аз паяш шудам. Фаҳмам, Улмасойи Иброҳим, мудири сехи фабрикаи дӯзандагӣ будааст.

Барои гиреҳи ишкро бо ӯ кушодан, рафта як пиҷак фармудам. Мизоҷон одатан, як ё ду бор барои ҷену чоккунӣ раванд, ман панҷ маротиба рафтам. Охир бо Улмасой ҳам гапҳо пухт. Вай рафта шавҳарашро барои ҷудошавӣ маҷбур кард. Ҷудо шуд ва зани ғайриқонунии ман гашт. «Аз забони ширинат гардам Абдумаҷид» гуфтам худ ба худ. Дар ҳақиқат, ман бало-куя! Боз мегӯянд, ки ман бехунар. Панҷ зан гирифтам, даҳто фарзанд дорам. Боз чӣ кор кунам? Мехоҳед аз осмон бенардбон ситора гирам?! Агар хоҳам, шайтонро фириб дода, ба сараш нӯҳта зада, савор мешавам.

Биёед, ҳиссаро давом диҳам.

Аз найрангҳои ман Гулчеҳра огоҳ шуд. Вай пӯстинашро чаппа пӯшид. Ман бошам, парво надоштам, чунки гуфтам-ку асабам мустаҳкам-дия, торҳои асабам аз пӯлод! Ҳамин тавр Улмасой ҳомиладор шуд: Мавлудаю Равшанҷонро ҳамроҳи ӯ гирифта ба участкаи Тукалтеппаи колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод омадем. Бинед Ленинобод куҷою Орҷоникидзеобод куҷо?

Акои Улмасой Исҳоқ Иброҳим (директори мактаби миёнаи ҳамин ноҳия) дар ҳавлияш тӯйча орост. Бо еру ҷӯраҳояш ҳамроҳ гулӯ тар кардем. Суруди «ёр-ёр» бори панҷум

пешина
аз 173
навбатӣ