Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

барои ман садо дод. Дар васфи арӯсу домоди наберадор, яъне камина, нӯшбодҳо мегуфтанд:

  • Бигузор, набераҳои Абдумаҷид, мисли бобояшон доимо хурӯс бошанд! Ва ғайраю ҳоказо...

Баъд чанд вақт аз Улмасой ҳам фарзанд ёфтам. Номашро Сарвиноз ниҳодам. Ин фарзанди дахуми ман аст. Назди раиси Шӯрои қишлоқи «Янгибозор» Салом Ҳотамӣ омада, додарам, гуфтам, модари Мавлудаю Равшанҷон ба қарибӣ қазо кард. Барои инҳо ягон парасторе лозим. Агар маро бо Ӯлмасхон аз қайди никоҳ гузаронед, кори хайре мекунед.

Раис маккории маро пай бурдагӣ барин, ҳуҷҷатҳои дахлдорро талаб кард. Ин дафъа қиморам набурд. Мавлудаю Равшанҷонро ба ноҳияи Кирови вилояти Фарғона, назди модари нафақахӯрам бурдам. Ҳардуяшро ба номи ӯ гузаронида, оварда дар мактаб-интернати колхози «Москва»-и ноҳияи Хуҷанд мондам ва ҳар моҳе ба ҷои 45 сумӣ, 12 сӯмӣ ба давлат супоридам. Вале дар роҳи Ленинободу Орҷоникидзеобод ва Фарғона кӯдакҳо анҷа монда шуданд. Мавлуда, ҳатто ба воҳима афтод. Ӯ ба Равшани хурдакак мегуфт: «Агар дадаамон боз як зани дигар гирад, мо тамоми дунёро давр зада мебароем».

Мактаби 15-ум, ки пеш Мавлудаю Равшанҷон дар он ҷо таҳсил мекарданд, аз ман тасдиқнома талаб кард. 28 октябри соли 1975 аз директори мактаби ҳаштсолаи 27-уми ноҳияи Кирови вилояти Фарғона, Қоризода илтимос кардам, ки ба ман тасдиқнома диҳад, ки фарзандонам дар мактаби онҳо мехонанд. Вай не нагуфту тасдиқнома дод.

Боз як сирри дигар дорам, намедонам, гӯям ё не!

Хайр фаҳмидагиҳо, аллакай фаҳмиданд. Мани бечора дуто паспорт дорам, якеаш дар дасти завҷаи ҷорумам Гулчеҳраю дигараш дар дасти худам. Соли таваллудам ҳам ду хел аст. Масалан дар шиносномаи якумам, ки аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ гирифтаам, 29 апрели соли 1929 таваллуд шудаам. Аммо дар шиносномаи дуюмам, ки аз шаҳри Ленинобод гирифтаам, 29 апрели соли 1930 зоида шудаам. Росташро гӯям, бо як шиноснома ҳилаю найрангбозӣ кардан кори мушкил аст. Ҳамин ки бо духтар гапро пазонед, дарҳол «шиносномаатонро бинем» мегӯянд.

пешина
аз 173
навбатӣ