Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
хазинаи ишқамро ба дастат медиҳам, ба сарат зару зевар мепошам, хушбахти дунё мешавӣ!» Бечора бовар кард. Ба дом афтид. Зану шавҳар шудем. Чор фарзанд таваллуд кард. Ду фарзанди авваламон таваллуд шудан пас Гуландом ҳам гуфт, ки биё, аз қайди никоҳ гузарем, чунки барои онҳо шаҳодатнома гирифтан лозим.
Биё мон, азизам, ин фоида надорад. Формалист шудан хуб нест. Мефаҳмӣ. Як рӯз чашмам афтида бинам, барои Мавлуда шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст. Онро гирифта лахт-лахт карда партофтаму моҳи июли соли 1966 рафта аз Шӯрои қишлоқи «Навбаҳор»-и, ноҳияи Кирови вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон барои Мавлуда, Шавкат (писари Гулчеҳра аз шавҳари аввалааш) ва Равванҷон шаҳодатнома гирифта омадам. Ҷои таваллуди ҳарсеяшон шаҳри Ленинобод бошад ҳам, зодгоҳашонро деҳаи «Навбаҳор»-и вилояти Фарғона кардам. Лекин сад афсӯс, ҳарчанд айёрӣ кардам, офтобро бо доман пӯшидан амри маҳол будааст. Сир фош гардиду Гулчеҳра фаҳмид, ки пеш як зан нею се зан гирифтаам, панҷ фарзанд дорам ва ҳоло аз зани дуюмам Турсуной қонунӣ ҷудо нашудаам. «Хайр, бар гузашта салавот» гуфту ба тақдираш тан дод. Баъди таваллуди фарзанди сеюм Олимбек 15 апрели соли 1970, аз қайди никоҳ гузаштем. Гулчеҳра кор кард, бачаҳоро хӯронд, пӯшонд, ба ман ҳам ёрдам кард, ба аспирантура дохил шудам. Соли 1971 рисолаи номзадӣ дифо кардам. Дипломи номзадии илми таърихро гирифтам. Акнун кӣ ҳақ дорад, ки пишакамро пишт гӯяд? Номзади илм – а! Ин ҳазлу бозӣ не. Аз таърихи ишқу муҳаббат чию, ки пурсед, ҷавоб мегӯям.
- Пулҳоят канӣ? - гуфта мепурсидагӣ ҳам шуд завҷаам. Пули чӣ? Пулат бошад, ба ман деҳ, гуфтам. Ман мошин гирифтагӣ. Чӣ хел бе мошин, пои пиёда мегардем?!
Одамизод - шири хом хӯрда, мегӯянд рост будааст. Гулчеҳра 2000 сӯми пасандозашро ҳам бароварда бо ду дасти адаб ба ман дод. Пулам якҷоя қариб 15 ҳазор сӯм шуд! Ҳамаашро зайёми сефоиза харида гирифта, рақамҳояшонро навишта ба дасти Гулеҳра додаму онҳоро ба қисса задам. Баъзе чизҳои майда-ҷуйдаи хонаро ҳам як-як кашондан гирифтам ва як рӯз гуфтам: «Гулчеҳра, хуб зиндагӣ кардем, соҳиби чор фарзанд шудем, биё Мавлудаю Равшанро ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё