Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Сайёра сӯи ошхона рафт ва дид, ки духтараш лӯхтакасро оғӯшаш карда, дар рӯи кӯрпача хобидааст. Модараш хаёл кард, ки Бунафша имрӯз дар боғча хоби нимрӯзиашро нагирифтааст, ӯро бедор накард. Бо пухту пази хӯроки бегоҳӣ андармон шуд. Лекин табъи ӯ ҳам хира буд. Пагоҳӣ пеш аз кор равиаш гуфта буд, ки шаб хоби нофорам дидааст. Гӯё як гӯшворашро гум кардааст. Бедор шуда, дилаш сиёҳ шуд. Чунин хобҳо ба хаёлаш хосияти хуб надоранд.
Бунафша аз хоб бедор шуда, аввал каме ҷунбуҷӯл кард, баъд дар ҷояш хеста нишаст, лӯхтак дар оғӯшаш, ба модараш менигарист, вале чизе гуфтан мешуду лекин наметавонист.
- Ҳа, Бунафшаҷон, имрӯз дар боғча хоб накардӣ?!
...
- Ҳа, духтарам, чаро ба саволи модарат ҷавоб намедиҳӣ?!
...
Бунафша ба модараш сур-сур менигарист, вале ба даҳонаш мӯҳр задагӣ барин хомӯш буд.
Чаро гап намезанӣ, духтарам? Сайёра омада дар пеши ӯ нишаст, аз вай пурсид: -
- Ба ту чӣ шуд, духтарам?
Духтарак лӯхтакасро як сӯ гузошта хесту рафта, чойнику пиёлаи шикастаашро бесухан ба модараш нишон дод ва ба сӯи бобояш ишора намуда ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Сайёра мисле, ки дар хона як таркише шуда бошад, фарёд кард!!! Духтарам гап намезанад!!! Ӯ Бунафшаро оғӯш карда, ба толори - назди падару бобояш овард.
- Бунафша чаро гап намезанад, бобош?!!
Маъруф-бобо якбора даступо гум карда ва чӣ гуфтанашро надониста: - Надонам, аз боғча овардам соз буд ку! Роҳ ба роҳ шеърашро хонда дод. Лекин як гуноҳ кард: чойнику пиёлаи бобояшро шикаст, ман сахт коҳишаш кардам. Ҳамон лаҳза тундару чароғаки сахт ҳам зад, аз чӣ шуда бошад, намедонам. Мӯйсафед шояд аз тарс ва ё аз хиҷолат бошад, ки асли воқеаро намегуфт. Аз ин ҳолат дар дили мӯйсафед захме пайдо шуд. Захме бедаво.
Бунафша ба тарафи бобояш боҳашм менигарист. Аз нигоҳҳои кӯдак дар дили падару модар ҳам ким-чихел шубҳае пайдо шуд, вале ба мӯйсафед дам назаданд. Дарун-дарун месӯхтанд, лекин аз дасташон чӣ ҳам меомад? Рӯзи дигар ӯро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё