Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
-Чиро шикастӣ, Бунафша?!!, - гӯён, Бобо аз болои ҷойнамоз парида, саросема сӯи ошхона давида рафт ва набераашро бо овози баланд ба коҳиш даромад...
Тундар наъра кашид, наърааш чунон бадхайбат буд, ки дар дили кас ваҳм меовард. Ҳаво чароғак зад, аз чароғакаш оташ мепарид...
Чӣ кори кардагиат?!! Ин чойнику пиёла аз падарам ёдгор монда буданд!
Бунафша хаёл кардааст, ки дар чойник чойи хунук ҳаст. Онро ба пиёла рехта ташнагиашро шикастанӣ мешавад, ки чойник аз дасташ хато хӯрда ба рӯи пиёла ва ҳардуяшон ба замин афтида пора-пора мешаванд. Чойнику пиёлаи нақши гули ангурдори қадима ниҳоят дастархонзеб буданд.
Маъруф-бобо фақат дар ҳамин чойнику пиёлаи аз бобояш ёдгормонда чой менӯшиду ба рӯҳи ӯ дуо мекард. Чойник се ҳисса ва пиёлаш чанд пора шуда буд. Ҳатто онҳоро илоҷи қадоқ кардан ҳам набуд:
-Ноомади корро бинед - е, хайр, оқибаташ ба хайр шавад, - гуфт мӯйсафед ва ниҳоят аз овозбаландкуниаш дар назди набера хиҷолат кашид.
Авзои ҳаво ҳамоно бим буд. Тундар чун шери дар қафас ғурриш мекард. Борон мерехt, борон не, сел буд он. Шамол ҳам сахт мевазид. Борон аз рӯи тирезаҳои пешайвон поён ҷорӣ мешуд.
Тундар чароғак мезад ва аз чароғак оташ мепарид. Замин пури баргу чарг ва шохҳои шикастаи дарахтон шуд. Чӯйҳои саҳни ҳавлӣ пур аз лойоба гардид. Дар куҷое симҳои хати барқ низ канда шуданд магар, ки хонаҳоро якбора торикӣ фаро гирифт.
Маъруф-бобо бо табъи хира ба зал омада дар курсӣ, ки он ҷо доимо истироҳат мекард, нишаста сар ба сукут монд. Бунафша дар ошхона буд. Ӯ тарафи бобояш намеомад, занги дар садо дод. Мӯйсафед рафта, дарро кушод. Модару падари Бунафша Карим ва Сайёра аз кор омаданд. Онҳо, ки дар таги борон монда, шип-шилта тар шуда буданд, баъди либосивазкунӣ дар хона ба зал даромаданд, ки Сайёра аз Бобо пурсид: - Бунафшаро аз боғча гирифтед, бобош?
-Ҳа, дар ошхона лухтакбозӣ дорад, - гуфт Бобо бо авзои турш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё