Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Мӯйсафед, ин говат баъди се рӯз мемурад.
Мӯйсафед дар хашм шуда: - Э...э, раве, ту чӣ, аз пеши Худо омадай?, - мегӯяду роҳашро идома медиҳад. Дар ҳақиқат баъди се рӯз гови мӯйсафед мемирад ва ӯ бо таҳайюр назди генерал меояд.
-Ту аз куҷо медонистӣ, ки гови ман мемирад? Сирру асрораш дар чист, ки говам мурд! Генерал дар ҷавоб мегӯяд:
-Амак, ман ҳамагӣ ду моҳ мешавад, ки генерал шудаам, тамоми умрам дар ферма - байни гову гӯсолаҳо гузаштааст.
-Шукр, ки Сардори давлатамон бо тақозои замон оҳиста - оҳиста аввал генералҳоро ба танзим даровард, баъд расму оинҳоро. Тамоми генералҳои ҳасакиро ба ҷойҳои қадимаи худ - подабонӣ фиристод. Акнун ба артиши мо генералҳои асил роҳбарӣ мекунанд, ки онҳо на китф мечунбонанду на қош мепаронанд ва на тан меларзонанд!

Соли 2007

«ДАР СӮҲБАТИ ДИРӮЗА»
Пародия
Сару мангали ҳунарманд, мӯи тилти ҳунарманд, мижаҳои тора-тораи ҳунарманд, чашму абрӯи ҳунарманд, гӯшу бинии ҳунарманд, даҳону дандони ҳунарманд, қошу қавоқи ҳунарманд, гарданидарози ҳунарманд, забони кунду садои гӯшхароши ҳунарманд, сӯзу гудози ҳунарманд, гардам аз гулӯи ҳунарманд «Дар сӯҳбати дирӯза».
Китфчунбониҳои ҳунарманд. Қади калтаю гардани гафси ҳунарманд. Кисаҳои холии ҳунарманд. Ин ҳама «Дар сӯҳбати дирӯза».
Имрӯз дар меҳмонии мо «Ситораи беҷилони санъати тоҷик». Аловчашмак, ки бо барномаи берангубор ва суруду оҳангҳои гӯшхарошаш дар байни аҳли байташу ва хешу ақрабояш маълуму машҳур аст, ҳузур дорад.
-Хайрамакдам ба сӯҳбати дирӯза...!
-Муташаккирам...
-Чанд суоле дорам, ба шумо: - Хуб, ба сурудхонӣ аз кай шугл пайдо кардед?
-Аз гаҳвора.
-Хуб, устоди аввалини шумо дар ин ҷода кист?
-Худум.

пешина
аз 173
навбатӣ