Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Ҳама мегуфтанд, ки «Ҳозир ягон бало сар мезанад». Худо накунад, ки касе дар асабаш бозӣ кунад, вагарна бо туфангчааш чанд касро нимкуштаю беҷон карданаш мумкин.
Хайрият, Худо барояш тавфиқ дод, ҳамаш ба хубӣ анҷом ёфт.
Мусиқӣ дигар шуд, ба саҳна генерал Шоҳпур баромад. Ӯ фармуд, ки барояш мусиқии лазгиниро навозанд. Вай мисли гӯштигир саҳнаро тез-тез давр зад ва ниҳоят дар нӯги ангушт рост истод. Ҳама аз ҷой хеста: - Браво, браво, генерал! - гуфтанд.
- Ҷунбон, генерал, китфата ҷунбон, қошата парон, генерал, вуҷудата ларзон, генерал? Генерал Шоҳпур аз ин нидоҳо бол кушод, қанот баровард. Боз ба печутоб даромад, генерал Салмон даст ба киса бурд. Ӯ чунон сархуш буд, ки бастаи панҷоҳсомонии шараққосиро, ки дар назараш панҷоҳдирама менамуданд, кушода аз сари генерал Шоҳпур пош дод.
Саҳни толор бо бисту панҷоҳсомонӣ пур шуд. Генерал дар болои сомониҳо бо сад мақом тоб медод, касе барои пулҳоро аз замин ғундоштан ҷуръат намекард. Гӯё акси бузурггон, ки зери пои «генералҳо» монда, соиш мехӯрданд, садо медод:
- Моро аз зери пои ин пулмастон наҷот диҳед!
Агар ягон раққосаи айёру чолок мебуд, бо як халта пул ба хонааш бармегашт. Ровии тӯй, ҳофизон ду чашмашонро аз пулҳои лагатхӯрда намеканданд. Пулҳои мисли баргҳои хазони тирамоҳӣ ба замин рехта ва он нӯшу неъматҳои рӯи мизҳоро дида, панҷ фарзанди шикамгуруснаю танбараҳнаи ҳамсоямон бобои Латиф пеши назарам омад. Кош яке аз бачаҳои ӯ ба ин толор меомаду пулҳои зери пои генералҳо мондаро ҷамъ мекард ва ба яксола хӯрокашон мерасид. Лекин... Ба ин генерал розӣ мешуд?! Афсӯс, сад афсӯси пулҳо, ҳайфи он неъматҳои исрофшуда!!! Касе парвое надошт. Ин ҳолатро дида фишори хунам баланд шуд: - Чӣ кори кардагиам буд, ки ба ин тӯй омадам?! Ман чию дар тӯй генерал иштирок кардан чӣ? – Беҳуда бузурггон нафармудаанд: кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз...
Аз толор берун шудам, роҳравон латифае ба ёдам омад:
Рӯзе пирамарде аз бозор як гови дӯшой харида, ба хонааш бармегардад. Дар роҳ ӯ бо генерале вохӯрад. Генерал ба гови мӯйсафед менигараду мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё