Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
-Ин қоғаз не, дадаҷон, ин пул, мана бинед, гуфт бо як ҳиссиёту хурсандии кӯдакона ва пулро ба дасти ман дод.
-Чанд сума аст, дада?!
-Биступанҷ сума (пули давраи Шӯравӣ буд).
-Шумо чӣ хел онро дидед, дада?, - гӯён Бахтиёр кунҷкобона маро саволборон мекард.
-Заминро нигоҳ карда роҳ мерафтам, ки дида мондам.
-Агар одам заминро нигоҳ карда роҳ равад, пул меёбад, дада?!
-Бале, писарам, агар одам заминро нигоҳ карда роҳ равад, ҳама чизро - ҳам пул, ҳам мартаба, ҳам иззату эҳтиром, ҳама ӯро дӯст ҳам медоранд.
-Агар ба осмон нигоҳ карда роҳ равад чӣ?!
-Агар ба осмон нигоҳ карда роҳ равад, ҳама ӯро ҳавобаланд, фукчухт гуфта, касе ба вай салом намедиҳад, ягон кас дӯсташ намедорад.
-Аз пагоҳ сар карда ман фақат ба замин нигоҳ карда роҳ меравам, - гуфт Бахтиёр.
ПАСИ КАЛЛАМ ХОЛИД Эраҷро модараш аз боғча оварда, сару либосашро иваз карда гуфт: - Рав, писарам, дар берун бо ҷӯраҳоят каме бозӣ карда биё. Сару танатро шуста, боз либосҳои тозаатро мепӯшонам. Сару тани Эраҷро шустан чунон мушкил аст, ки аз ванна даромадан метарсад. Вай баъди чанде бо сару тани чиркин ба хона баргашт. Бибиаш қариб буд, ки ба сараш ҷорӯб бардорад. Модараш ӯро ба зораю тавалло ба ҳаммом даровард - пӯшоқҳои лойолудашро кашида, сару танашро шустушӯ мекард. Эраҷ аввал ба нолиш, баъд ба доду фиғон гузашт. Модараш бо сад фанду фириб сару тани Эраҷро шуста ба ӯ либоси тоза пӯшонид, баъд қайчиро гирифта аввал нохунҳои пойҳояшро, баъд ба нохунҳои дастонаш қайчӣ заданӣ шуд, ки Эраҷ эркагӣ карда намемонд.
Модараш ба ӯ ҳарчӣ ваъда карда, бо фанду фириб нохунҳои дастонашро гирифт. Вай ба нохунҳои дастонаш нигоҳ карду фиғон бардошт.
-Ана шумо нохунҳои даштамро пашт қайчӣ задед, акнун бо чӣ паши каллаамро мехолам? Не, ноҳунамло скоч кати часпонед, набошад пагоҳ ба боғча намелавам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё