Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Аз ҳамин набераҳоям кадомашро мегирӣ, – интихоб кун, ҳамонашро ба ту арӯс карда медиҳам.

-Ҳо, ана, ҳамон сафедакаша, - гуфт Дилшод. Ҳафтаи дигар ҳамон набераи сафедакам ҳамроҳи бибиаш ба хонаи Дилшодино ҳамсояшинӣ даромаданд. Модари Дилшод барои «келиншаванда» ба рӯи дастархон мантуи кадугин баровардааст. Набераи сафедаки ман мантуҳоро кафонида кадуҳояшонро як тараф монда фақат ҳамирашро хӯрдан мегирифт. Дилшод ба мантухӯрии «келиншаванда» бодиққат синча монда, баъди рафтани бибию набера ба модараш чунин гуфтааст:

-Оча, оча, рав ба акаам гӯй, ки ман набераи сафедакашро намегирам.

-Чаро, Дилшодҷон?

-Охир вай мантуи кадугии маро нахӯрд, ман аз куҷо пуле меёбам, ки ҳар рӯз барои ӯ мантуи гӯштин бипазӣ?

«ДУМАША ПОДА КАРД»

Рӯзи мавлуди Эраҷ буд. Дар хона ҳама - фарзандҳо, набераҳо ва хешу таборҳо хурду калон ҷамъ омада буданд. Ҳокимҷон набераи панҷсолаам писараки дӯстрӯяки шӯх аст. Ҳамин ки ба хона ояд, базии кӯдакона барпо мегардад.

Рӯзе ба сарзанишҳои ман гӯш накарда, бесариашро давом додан гирифт. Ман тоқат накарда бо хашм аз ҷой хестам: - Агар қарор нашинӣ, гӯшҳоятро мебурам, - гуфтам. Ҳокимҷон тарсида сӯи ошхона назди модараш давид. Эраҷ аз ин манзара лаззат бурда, бо хурсандии гуфт: - бобоҷон, Ҳоким талсида думаша пода калда гулехт. Ман боз нафаҳмидам, ки Эраҷ чӣ гуфт. Аниса, ки дар паҳлӯям истода буд, зуд «тарҷума» карда дод: Ҳоким аз тарса думаша хода карда гурехт, мегӯяд Эраҷ.

«...МАН БА ЗАМИН НИГОҲ КАРДА РОҲ МЕРАВАМ»

Як бегоҳ ҳамроҳи писарам Бахтиёр, ки ҳамон вақт тахминан шаш-ҳафтсола буд, дар берун сайру гашт карда, хостем ба хона дароем. Дар даромадгоҳи бино ногаҳ чашмам ба қоғазе, ки дар рӯи замин ба хок чулида буд, афтид.

-Писарам, вай қогазро аз замин бардор, - гуфтам ба Бахтиёр. Вай ҳам шуда онро бардоштӯ

пешина
аз 173
навбатӣ