Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
АЗ ЗАБОНИ КӮДАКОН
Ду набераи хурдакак ва доною ширинзабон дорам: Анисаи чорсола ва додарчааш - Эраҷи сесола. Ҳини гапзанӣ бо Эраҷ баъзе калимаҳое, ки ӯ талаффуз мекунад, ба ман душворфаҳманд ва барои шарҳу эзоҳи онҳо Анисаро ба ёрӣ наздам чег мезанам.
«БАШКАЛА»
Як рӯзи гарми тобистон, аз кор баргаштам, ниҳоят ташна будам. Анисаро ба наздам хондам: - Лаббай, чӣ мегӯед, бобоҷон?
-
Аз ошхона ба бобоша як коса оби хунук биёр.
-
Ҳозир гӯён сӯи ошхона рафт...
Ҳамин лаҳза Эраҷ давида наздам омад:
- Бобоҷон, ман ҳозил лафта аз палдав як башкала об меолам...
Ман аз гуфтаҳои Эраҷ чизеро нафаҳмидам ва Анисаро барои тарҷумон чег задам.
-
Додарат чӣ мегӯяд?
-
Эраҷ ба бобоҷонаша чӣ меорӣ?
-
Ман аз палдав ба бобоҷонам як башкала об меолам!
Аниса гуфтаҳои Эраҷро шарҳ дод:
- Ман рафта барои бобоҷонам аз подвал як баклашка оби минералӣ меорам, мегӯяд.
«ГӮШҲОЯМЛО КЛЕЙ МЕКУНАМ».
Эраҷ писарбачаи шуху бисёр беқарор аст. Вай ба ҳар чизи лозиму нолозим расидан мегирад. Гоҳ кордча мегираду гоҳ панҷшоҳаку ва гоҳе гугирд гирифта чизеро алов заданӣ мешавад. Ӯ паноҳӣ аз калонсолҳо бо гугирд ҳарҷо - ҳарҷои қолини ошхонаро сӯзонидааст. Аз ин моро апааш Аниса огоҳ намуд. Ман ӯро дошта сарзаниш кардам: - Агар бинам, ки боз як бори дигар бо гугирд аловбозӣ мекунӣ, бо корд гӯшҳоятро мебурам. Фаҳмидӣ?!
-Баъд аз гӯшҳоям нохун (хун) мебарояд?!
-Ҳа, нохуни бисёр мебарояд!
-Дигар гӯшҳоямло намеҷапонед?!
-Не

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё