Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Сосијалистӣ мешаванд, ба сари синаашон Ситораи тиллоӣ меовезанд, то ки номи онҳоро ҳам ба ягон колхоз ё кӯча гузоранд.
Имрӯзҳо мо дар атрофи тарбияи ватандӯстӣ ва интернатсионалии ҷавонон бисёр сухан мегӯем, махсусан дар бораи ҷанговароне, ки дар Афғонистон қарзи башардӯстонаи худро ба ҷо овардаанд. Ин ҷо ҳам мебинем, ки агар ҷавоne корнамоӣ нишон дода, ҳалок шавад ва сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардад, мо падару модари ӯро ба ҳама ҷамъомадҳо таклиф мекунем, кӯчаю хиёбонҳо ва мактабҳоро ба номаш мегузорем. Ҳамаи ин, бешубҳа, хуб аст ва барои ҷавонон аҳамияти калони тарбиявӣ дорад. Лекин пӯшида нест, ки садҳо ҷавонони мо ҳангоми иҷрои қарзи башардӯстонаи худ аз дасти душмани Инқилоби Саври Афғонистон кушта шуданд. Баъзеашонро чунон бераҳмона ва ҷоҳилона куштаанд, ки тобуташонро накушода ба хок супоридаанд. Охир онҳо ҳам ҳангоми адои вазифа ҳалок гардидаанд. Чаро мо дар сари манзили онҳо ягон нишонае намегузорем, ки ҷанговари башардӯст буданаш маълум шавад? Барои чӣ дар мактабҳои таҳсил кардаашон ҳайкалашонро намегузорем, ё ки мактаби хатмкардаашро ба номи онҳо намегузорем?
Оромгоҳи шаҳидони роҳи озодӣ, онҳоеро, ки барои мо, барои ҷамъияти мо, барои Ватани бузургу сермиллати мо он чизе, ки аз дасташон омад, дареғ надоштанд, мисли ҳавлӣ ва дару девори худ покизаю озода нигоҳ дорем, ба зиёратгоҳи умумӣ табдил диҳем. Ҳозир мо дар замони бозсозӣ ҳаёт ба сар мебарем ва бояд ба тарзи нав кору зиндагӣ карданро ёд гирем ва расму оинҳои наву замонавиро васеъ дар ҳаёт ҷорӣ намоем, аз он урфу одатҳое, ки ба пешрафти ҷамъияти мо халал мерасонанд, даст кашем. Ин, албатта, кори як касу ду кас нест, балки кори ҳар яки мост, кори Шӯроҳои маҳаллаҳо, аҳли ҷамъият, хуллас кори умум аст. Дуруст мегӯянд, ки аз як даст ҳеҷ гоҳ садо намебарояд.
Соли 1986

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё