Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мешаванд. Лекин рақамам аз ҳама муҳимтар аст. Агар он бутун бошад, маро дар ҳама ҷо қабул мекунанд. Бовар накунед, аз кадом кассае, ки мехоҳед, рафта пурсед, ба шумо мегӯянд! Ҳар чие хоҳед, кардан гиред, лекин як илтимос: напартоед!

Чунин суханҳоро мехостам бо овози баланд бигӯям, вале чӣ хеле ки Шумо медонед, дам меистодам.

Баҷае, ки маро ёфта буд, ба фикр андармон шуда, чизе намегуфт.

Баъдтар бори дигар ба ман назар карду бо ҷиддият сӯи духтарак гуфт: - медонӣ чӣ, пулро ҳеҷ гоҳ намепартоянд. Ҳар чӣ бошад ҳам, як сӯм аст! Вай сад тинро дар бар мегирад!

Ин суханҳоро шунида, ман аз шодӣ яку якбора ба ду қисм баробар ҷудо шуда мондам...

УМРИ ДУБОРАИ МАН

  • Ба ту чӣ даркор? - пурсид кассир аз писарбачае, ки дар назди ӯ рост истода буд.

  • Марҳамат карда бигӯед, шумо яксӯмаи маро иваз карда намедиҳед? - хоҳиш кард бача аз вай.

  • Канӣ, як бинам! - гуфт кассир бо чеҳраи кушод ба ӯ.

Писарбача маро ба болои токҷаи дари кассир гузошт.

Вай бо дарзмоли гарм хушк мекунам гуфта маро чунон молида буд, ки афту андомам ба касали нав аз беморхона баргашта монанд шуда буд.

Фақат ба ҷои дока, миёни дарида ва ҳарду қисми маро як раҳ коғази шараққосӣ бо ҳам мепайваст.

  • Ӯҳҳу ин пулат хизмати бисёре кардагӣ менамояд, - гуфт кассир. Бин, чӣ хел азоб кашидааст! Хайр ҳеҷ гап не, номераш бутун, серияаш ҳаст, ман инро албатта алиш мекунам. Ана, ин яксӯмаи навро гир, - гуфт кассир ба бача. Ош шавад!

Воқеаи мӯъҷизаворе рӯӣ дод. Аз дасти кассир ман ба яксӯмаи нави шараққосӣ табдил ёфтам!

Дар як рӯям Нишони калони Иттифоқи Советӣ ҷило медод, дар тарафи дигарам симои аскаре, ки дар рӯи дастонаш кӯдакеро бардошта аст, акс ёфта буд.

Вақто ки ба дасти Шумо чунин яксӯмаи нави шараққосӣ афтида монад, бодиққат назар карда бинед, шояд он ман бошам...

Аз рӯзномаи «Литературная газета»
Соли 1964.

пешина
аз 173
навбатӣ