Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

шурӯъ кардаанд. Минҳоҷ Ғуломов ба ин кор кадрҳои болаёқат ва кордону ботаҷрибаро ҷалб намуд, барои онҳо тамоми шароитҳои фаъолияту истироҳатро фароҳам овард. Ҳозир касалхона бо духтурони ботаҷрибаю таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин аст. Илова бар ин дар касалхона шӯъбаи психиатрияи судӣ низ амал мекунад, ки ба он профессор М. Ғуломов сарварӣ менамояд. Вазифаи асосии ин шӯъба аз он иборат аст, ки касоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир мекунанду худро ба касалиҳои рӯҳӣ меандозанд, мутахассисон ҳамаҷониба санҷида, хулосаҳои худро ба эксперти судӣ пешниҳод мекунанд.

М. Ғуломов дар тӯли солҳои зиёди омӯзгориаш дар донишкадаи тиббии пойтахт садҳо шогирдонро таълиму тарбия дода ба воя расонидааст, ки ҳоло онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он адои вазифа доранд. Ӯ бештар аз 20 сол аст, ки вазифаи муовини ректор оид ба қисми илмӣ ва зиёда аз 30 сол мешавад, ки мудири кафедраи касалиҳои наркологӣ ва равоншиносии ҳамин даргоҳро ба уҳда дорад.

Профессор М. Ғуломов ҳамчун олими ҷӯянда, навовар ва ташаббускор дар байни аҳли илми тиб обрӯ ва эътибори калон дорад. Вай ҳамеша саъю кӯшиш мекунад, ки дар ҳар як ҷаласаи илмие, ки доир мегардад, бо ягон ақидаи ҷолибе ва ё андешаи тозае таъби ҳозиронро шод гардонанд.

Профессор М. Ғуломов духтур ва олими нуктасанчу навовар аст. Вай дар ташхису табобати беморон кӯшиш мекунад, ки роҳу усулҳои нав ба навро истифода барад. Ӯ баъзе аломатҳо ва ҳолатҳои бемориҳои вазнини рӯҳиро кашф кардааст, ки ба онҳо номи профессор Ғуломов гузошта шудаанд. Чунончи: «Варианти галюсинатории аломати автоматизми психологии Ғуломов», «Голюсинозии кӯтоҳмуддат ва босуръати алканоли Ғуломов», «Галюсинасияҳои ротоглотики Ғуломов» ва монандӣ инҳо.

Синхрони профессор: Душвориҳои асосии мо дар он аст, ки ҳамаи беморхонаҳои касалиҳои рӯҳӣ дар биноҳои номувофиқ ҷойгир шудаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи 22 сол зимни дар шаҳри Душанбе сохтани бемористони махсуси касалиҳои рӯҳӣ дорои 500 кат се маротиба қарор қабул карда бошад ҳам, лекин ҳамаи ин қарорҳо дар рӯи коғаз монда, ҷомаи амал напӯшиданд. Дар урфият мегӯянд, ки дунё бо умед аст. Мо ҳам

пешина
аз 173
навбатӣ