Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Баранда: Минҳоҷ Ғуломов бештар аз 30 сол аст, ки ба ин коллектив роҳбарӣ мекунад.

Вай дар иҷрои вазифа нисбат ба ҳар як корманд ниҳоят серталаб ва чун падар меҳрубон аст. Ҳар як ҷамъомаде, ки пагоҳӣ рӯзи дар утоқи кории профессор Минҳоҷ Ғуломов доир мегардад, ӯ ба ҳар як гуфтаи духтури навбатдор диққати махсус медиҳад. Дар ҷамъбасти ҳар як ҷаласа ба духтурону ҳамшираҳои тиббӣ маслиҳату дастурҳои муфид медиҳад. Коллективе, ки ба он профессор Минҳоҷ Ғуломов сарварӣ мекунад, кадрҳои гуногунмиллат, мутахассисони болаёқатанд ва ҳар як сухани ӯро бо эҳтироми бузург дастури амалиёти худ мекунанд.

Профессор Ғуломов таҷрибаи бои зиндагӣ дорад. Аз ин ҷиҳат ҳамаи табибони шифохонаи касалиҳои рӯҳӣ ӯро чун устод ҳурмату эҳтиром мекунанд, кӯшиш менамоянд, ки аз таҷрибаи бои илмию амалии вай самаранок истифода баранд!

Профессор ба бемор: Аҳволатон чӣ хел?

Бемор: Нағз, беҳтар шудаам.

Профессор: Чанд вақт боз дар ин ҷо бистариед?

Бемор: Қариб чил рӯз шудааст.

Профессор: Ба қарибӣ шуморо ҷавоб медиҳем, ба хонаатон меравед.

Баранда: Ба ҳамин минвол ҳар рӯз чандин мизоҷоне, ки гирифтори бемории рӯҳӣ шудаанду аз зиндагии хеш умед кандаанд, аз духтури меҳрубон Минҳоҷ Ғуломов имдод металабанд.

Синхрони профессор: Аввалин касалхонаи бемориҳои рӯҳӣ соли 1940 дар Кӯктош (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) барои 230 кат кушода шуда буд. Вақто ки ман ба кор шурӯъ кардам, Вазорати тандурустӣ моро вазифадор кард, ки дар муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ табобатгоҳҳои бемориҳои рӯҳӣ кушода шавад.

Баранда: Нахустин касалхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои рӯҳие, ки дар ноҳияи Ленин кушода шуд, бинои он анбори яке аз хоҷагиҳо буд ва оддитарин шароитҳоро надошт, илова бар он аз роҳи нақлиётгард хеле дурӣ мекард.

Ниҳоят бо ташаббус ва даву този Минҳоҷ Ғуломов роҳҳои нақлиётгарди он таъмиру мумфарш карда шуда дар он оҳиста-оҳиста шӯъбаҳои мардона, занона ва кӯдакона ба кор

пешина
аз 173
навбатӣ