Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Сад афсӯс, ки дар ин нобасомониҳои дохилӣ беҳтарин фарзандони миллат ба коми аҷал рафтанд!.
Дил сер шуд, аз гуссаи гардун хӯрдан, В - аз дасти ситам силаи гардун хӯрдан.
То чанд чу най ҳар нафасе нола задан, То кай чу пиёла дам ба дам хун хӯрдан.
(Суханронии муаллимаш)
- Солҳои талабагиаш Мунавваршо ахлоқу одоби ҳамида дошт, вай ҳамеша бо одобу хониши аълояш намунаи дигарон буд.
Ҳақ ба ҷониби омӯзгор Шукрулло Ғиёсов мебошад. Мунавваршо дар оилае тарбия ёфта ба камол расидааст, ки дар водии Қаротегин ҳамеша намуна ва ибрати дигарон буд. Падараш Назрӣ Қаюмов дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сари ятимонро сила мекард, ба даҳҳо бепарасторону бенавоён нон медод, фарзанди ӯ Мунавваршо бошад, дар рӯзҳои ҷангҳои дохилӣ ҳамеша ҳамдарду ғамшарики бенавоён буд.
(Расми хонаҳои сӯхта) Ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш дар Тоҷикистон ҳазорҳо оилаҳоро бехонаю дар ва аз Ватан беватан, гуреза ва дарбадар кард.
Мунавваршо тоқати шунидани калимаҳои гурезаю фирориён ва ғарибиро надошт. Барои бозгашти фирориён ба Ватан, барои ободию шароити зисти онҳо, барои ваҳдату ягонагии миллату қавмҳои дар Тоҷикистон буда, он чизе ки, аз дасташ омад, талош мекард.
(Кӯчаҳои шаҳри Душанбе)
- Ин рӯзҳо мегузаранд, - мегуфт ӯ, - он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони азизи мо ба асли пештарааш бармегардад, номи тоҷикро боз фарзандони фарзонаи ӯ дар ҷаҳон машҳуртар мекунанд.
(Сохтмони Роғун) Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо камбағал нест, бойгариҳои зиёде дорад, онҳоро ба кор андохтан лозим! Барои ин боз каме фурсат ва сабру таҳаммул лозим. Зинда бошем, сохтмони ГЭС - ҳои Роғуну Сангтударо ба сомон расонему ба кор дароянд, онҳо Тоҷикистонро ҳам мехӯронанду ҳам мепӯшонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё