Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
20-уми октябр буд. Шамолаки сарди тирамоҳ мевазид. Баргҳои хазоншудаи дарахтон ғалхурда ба рӯи замин меафтиданд.
Ҳарҷо-ҳарҷо осмонро абрҳои сиёҳ иҳота карда буданд. Мошинаи хизматии ӯ аз куталу нишебиҳои роҳи пурпечутоби кӯҳистон босуръат ҳаракат мекард.
(Роҳҳои пурпечутоби ноҳияи Рашт, ҳавлии падараш)
Вай дар ноҳияи Рашт шабро дар кулбаи модараш рӯз кард. Пагоҳӣ 21-октябр бо модараш Соимабибии 80-сола ва бо бародарону хоҳаронаш хайрухуш карда ба сафари ноҳияҳои Тоҷикободу Чиргатол роҳ пеш гирифт. Ӯ намедонист, ки ин сафари охирини ӯст. Дигар дидори зану фарзанд, модару додар, хешу табор ва ёру дӯстонро нахоҳад дид. Чунки қотилон аз сафари ӯ огоҳӣ доштанд ва аллакай дар камингоҳи худ маскан гирифта дар қасди ҷони Мунавваршо интизорӣ мекашиданд. Лаҳзаҳои охирини сафараш, ҳаёташ, зиндагиаш.
Пас аз лаҳзае Мунавваршо бо олами равшану зебо ва ҳастию табиати афсункор падруд мегӯяд... Аҷаб даҳшате...! Рӯзи навмедӣ чу ояд ошно душман шавад, - гуфтаанд. Оре дар зодгоҳаш, дар онҷое, ки хуни нофаш чакида буд, имрӯз хуни дилаш рехта шуд! Шояд ӯ дар лаҳзаи охирин сухани вопасине дошт! Шояд...! /пауза/
Хабари шум аз даҳон ба даҳон тез паҳн мешавад. Бале, ҳамон рӯз хабари мудҳиши ба таври фоҷиавӣ фавтидани Мунавваршо Назриев дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ба тезӣ танинандоз гардид ва аз Ленинободу Хатлон, Бадахшону Ҳисори Шодмон хуллас аз тамоми гӯшаю канори Ҷумҳурӣ барои бо Мунавваршо Назриев видоъ кардан хешу табор, ёру дӯстон, ҳамкасбони зиёде ба ноҳияи Рашт ҳозир шуданд. Зодгоҳаш гӯё ба мотамсаро табдил ёфт.
Дар ҷамъомади мотамӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷумла чунин гуфт:
(Суханронии Убайдуллоев М.)
Мунавваршо Назриев марди наҷиб ва дарёдил буд. Ӯ меҳнатдӯст, инсонпарвар, нисбат ба ҳамкасбонаш, дӯстонаш ҳалиму меҳрубон, дилсӯз буд. Вай ҳамеша барои Ваҳдату ягонагии Тоҷикистон ҷаҳду талош мекард.
Дар ин ҷамъомад ҳар як нотиқ марбути номи фарзанди фарзонаю баномуси тоҷик бо оҳу ҳасрат сухан мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё